Бишкек аз Душанбе хостааст, БТР-ҳояшро аз марз бигирад

Мақомоти Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон хостаанд, то БТР ё зиреҳпӯшҳояшро аз марз бо ин кишвар бигирад. Токон Мамитов, ноиби нахуствазир ва вазири амнияту дифои Қирғизистон, дар ин бора суҳбат карда, ба ин тартиб, ҳузури БТР ё зиреҳпӯшҳои Тоҷикистон дар навоҳии наздимарзӣ бо вилояти Бодкандро тасдиқ намудааст.
Мамитов дар суҳбат бо хабарнигорони қирғиз гуфтааст, чораҳои амниятӣ ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Қирғизистон ахиран пурзӯр шудаанд: “Ин ба он хотир аст, ки амнияту осудагӣ дар Соли Нав таъмин гардад. Айни ҳол мо ба Тоҷикистон муроҷиат кардем, ки зиреҳпӯшонашро аз назди марз гирад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти қудратии қирғиз аз таҷаммӯи беш аз 15 зиреҳпӯш ё БТР дар марзи Исфараю Бодканд хабар доданд. Иттилое, ки ҳамтоёни тоҷикашон онро рад намуда, носаҳеҳ хонданд. Вале ин чораҳои амниятӣ дар ҳолеанд, ки охири соли 2013 дар дар пайи як таниши марзӣ миёни сокинони Ворухи Исфараю Оқсойи Бодканд роҳбандӣ ва гирдиҳамоӣ сурат гирифт. Ҳоло, қарор аст, баррасии ин мавзӯъ рӯзи ҳафтуми январ бо иштироки ҳайатҳо аз Душанбеву Бишкек баррасӣ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |