Баҳрабардорӣ аз лулаи газрави Туркманистон-Хитой баъди ду сол дар назар аст
Ҷумҳурии мардуми Чин аз соли 2016 имкони истифодаи бештари гази Туркманистон аз тариқи Қирғизистонро дарёфт хоҳад кард. Қарор аст, то ду соли дигар қубури нави газгузар аз Туркманистон ба Хитой мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Ахиран, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ бо Чин дар мавриди ҳамкориҳо барои бунёд ва ба истифода додани лулаи газгузари Қирғизистон-Хитойро имзо кард.
Хитой аз соли 2009 баъд аз анҷоми сохтмони лулаи гази Туркаманистон-Чин тавассути қаламрави Узбакистон ва Қирғизистон гази Туркманистонро мегирад. Моҳи сентябри соли 2013 хабар дода шуд, ки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва раҳбари Чин Си Тсзинпин дар Ашхобод дар мавриди бунёди лулаи нави гази Туркманистон-Чин тавассути қаламрави Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расидаанд, ки қарор аст дар соли 2016 мавриди истифода қарор бигирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |