Бахшҳо
07 янв 2014 14:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Санҷиши "Контбонк", бонки марбут ба Занҷонӣ дар Душанбе

Бонки Миллии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми январ бо пахши як баёнияи расмӣ иттилои расонаҳои эрониро дар мавриди фаъолияти Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ дар Тоҷикистон шарҳ додааст.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки тариқи Бонки Миллӣ ба Эрон ягон маблағ интиқол наёфтааст. Дар мавриди “Конт Investment Bank”, ки ба Бобак Занҷонӣ марбут дониста мешавад, Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ин бонк таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, хизматрасонии интиқолҳо дар он, дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст: “Бино ба ин Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрим манъ гардидааст, гузаронида нашудааст.”

Дар мавриди мулоқоти масъулини баландмақоми Бонкҳои марказии Тоҷикистону Эрон ва баррасии қазияи Занҷонӣ Бонки миллии Тоҷикистон меафзояд, ки “ вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.”

Иттилои расонаҳои эрониро, ки гӯиё ҷониби Тоҷикистон барои мулоқот бо масъулини Эрон дар мавриди Бобак Занҷонӣ таъхиркорӣ кардааст, Бонки Миллии Тоҷикистон рад намуда, таъкид дорад, ки боиси таассуф аст, дар мақолаи дарҷшуда кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷро намудани расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон илова мекунад, ки айни ҳол барои возеҳтар кардани масъала гуруҳи махсуси ин бонк ба “Конт Investment Bank” равона шуда, машғули санҷиш мебошанд.

Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки дар Тоҷикистон “Конт Investment Bank” ва Азия Экспресс ба ӯ марбут дода мешаванд, ҳафтае пеш ба иттиҳоми пардохт накардани беш аз 2 миллиард евро ба Вазорати нафти Эрон боздошт шуда буд. Қаблан гуфта мешуд, ки Занҷонӣ ин маблағро тариқи Бонки миллии Тоҷикистон ба Эрон пардохт кардааст, ки баъдан рад шуд ва айни ҳол Занҷонӣ иддао дорад, ки маблағро тариқи Русия ба Эрон пардохт намудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мухочир
Маълум мешавад, ки режим дар Точикистон пинхони аз санксияхои абаркудратхои Гарб бо гумоштахои режими Эрон хамкори мекардааст. Ин ходиса барои Точикистон проблемахои нав хохад овард. Бо абаркудратхои Гарб бози накунед, ки сари худатонро хохед хурд.

Эмомади занчониро кидат кард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)