Фурудгоҳи Душанбе оҷилӣ ба қабулу гусели тайёраҳо пардохт

Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, айни ҳол вазъи боду ҳаво муътадил буда, парвозу нишасти тайёраҳо баъди танаффуси чандсоата аз сар гирифта шуданд.
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз зуҳри имрӯз, 10-уми январ фурудгоҳ қабулу гусели тайёраҳоро оғоз кард: “Он ҳама тайёраҳое, ки ба далели туман дар Душанбе дар Хуҷанду Самарқанд фуруд омада буданд, айни ҳол ба Душанбе омаданд. Ба истиснои тайёра аз фурудгоҳи Внуковаи Маскав, ки айни ҳол бо сабабҳои техникӣ дар Хуҷанд қарор дорад.”
Шодиев таъкид намуд, ки айни ҳол дар фурудгоҳ ба таври оҷилан бақайдгирии мусофирон давом дорад, то парвозҳои батаъхиргузошта ҳар чӣ зудтар амалӣ шаванд: “Талош мекунем, ҳар чӣ зудтар парвозҳои батаъхиргузоштаро амалӣ созем то ба реҷаи муқаррарӣ бозгардем.”
Ин дар ҳолест, ки фурудгоҳи байналмилалии Душанбе субҳи имрӯз ба далели туман дар пойтахти Тоҷикистон парвозу нишасти тайёраҳоро дар хатсайрҳои Истанбул, Делӣ, Хуҷанд, Алмато, Санкт Петербург, Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба таъхир гузошта буд.
Масъулини фурудгоҳ далели таъхиргузориро таъмини амният арзёбӣ карданд, чун ба гуфтаи онҳо дар шароите, ки Душанберо туман фаро гирифтааст, cарнишонони тайёраҳо қарор карданд дар фурудгоҳҳои дигар аз ҷумла Хуҷанду Самарқанд фуруд оянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |