Барканории Олег Ширинбеков ва мақоми нави Мубин Эргашев

Олег Ширинбеков, ки тобистони соли гузашта ба ҳайси сармуррабии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуда буд, аз мақомаш барканор гардида, ҷои худро ба Мубин Эргашев додааст. Оқои Эргашев моҳи феврали соли гузашта ба унвони сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъин шуда буд.
Шоҳрух Саидов, раиси клуби “Истиқлол”, далели барканории Ширинбековро аввалан “иҷро нашудани вазифаҳо” унвон кардааст. Дувум, ба қавли ӯ, бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои Лигаи олиро танҳо мураббиёне сарварӣ хоҳанд кард, ки муҷаввизи дараҷаи “А” доранд. “Ширинбеков танҳо иҷозаномаи дараҷаи “Б”-ро дорад ва ин имкон намедиҳад, ӯ сармураббии дастаи “Истиқлол” бошад”,-афзудааст ӯ.
Бо ин ҳама, дастаи “Истиқлол” барои ҳамкорияш ба Олег Ширинбеков изҳори сипос карда, ба ӯ дар кори мураббигияш муваффақият хостаст. Олег Ширинбеков, собиқ ҳимоятгари дастаи пуровозаи “Помир”, моҳи июли соли 2013 сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ӯ соли 1963 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шуда, устоди варзиши СССР (1987) мебошад.Дар акс: Мубин Эргашев, сармураббии нави дастаи "Истиқлол"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |