Баҳодур Қодиров дар Тайланд унвони қаҳрамони Осиёро ба даст овард.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, Қодиров аз 4-ум то 8-уми августи соли ҷорӣ баҳри иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи гӯштини тарзи озод дар шаҳри Банкок» қарор дошт. Баҳодур Қодиров, дар ин қувваозмоӣ дар миёни 350 варзишгар аз 20 кишвари олам, дар вазни 69 кило ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷойи якум гардида, барандаи унвони қаҳрамонӣ ва нишони тиллои сабқат шуд. Азамат Давлатбекови қазоқ соҳиби ҷойи дуюм ва намояндаи Ӯзбакистон- Ислом Раҳимов мақоми сеюмро касб кард. {jathumbnail off}
Мӯҳр