Бахшҳо

Тамрини низомиёни қирғиз дар наздикии марз бо Тоҷикистон

Оҷонси иттилоотии “Хабар”-и Қирғизистон аз сурат гирифтани машқҳои низомии аскарони Вазорати дифои ин кишвар дар Бодканд, вилояти ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад.

Ин машқи низомӣ дар асоси нақшаи омодасозии нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон роҳандозӣ шудааст. Машқҳои тактикии аскарони Вазорати дифои Қирғизистон, ки бо тирандозиҳои ҳақиқӣ сурат мегирад, аз се марҳила, аз ҷумла, сари вақт ҳозир шудан ва ҳимоят кардани минтақаи мавриди назар, забти минтақаи ишғолшудаву созмондиҳии иқдомоти ҳарбӣ ва муҳосира кардану аз байн бурдани низомиёни ғайримусаллаҳ иборат мебошад.

Омодасозии аскарони қирғиз дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони ду ҷониб дар маҳаллаи Хоҷаи аълои ноҳияи Исфара тирпаронӣ ба миён омада буд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, ин тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон ҳамоно барои айбдор кардани марзбонони тоҷик дар ин ҳодиса исрор дошта, ахиран сафири худ дар Душанберо низ ба ватан бозхонд.

Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон низ рӯзи 19 январ зимни як ҷаласаи пушти дарҳои баста дар Бишкек гуфт, боз хондани сафири кишвараш аз Душанбе ба ватан дар асоси нақшаи поин бурдани сатҳи намояндагии дипломатӣ мебошад.
Ин ҳама пофишории Бишкек барои айбдоркунии Душанбе дар ҳолест, ки ин тирпаронӣ дар қаламрави Тоҷикистон, дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара, сурат гирифтааст.
Мӯҳр
Восеъ
Сабаби асоси дар сустии сиёсати мост,киргизхо нисбат ба мо 5-маротиба камтар ба чинихо замин доданд ва имруз додугирифти волое бо чинихо ва сохтани рохи охани аз марзи онхо гузаранда доранд.Хамчунин набояд фаромуш кард,ки шартномаи то соли 2042 бо Руссияи тамдид шудаи мо бузхандаро мемонад.Инро хама медонад!Киргизхо бо як пойгохи Кант ва 500 сарбози руси тамоми шароитхои хеле хубро дар шартнома бо русхо матрах намуда,корро аз диди манфиатхои худ хал карданд.Инхои мо гумон накунанд,ки киргиз инро дар холи гаразе доштанаш ба марзи мо пушт намегузорад.Фикри ватанро кардан-лозим хаст,на кланро!

шохин
Киргиз 1- метр заминашро намедихад барои хамин кувахояшро чам оварда истодааст. Тарафи мо гуфтушунид бурда истодааст. Окибаташ ба хайр бошад.

;
Абача хами киргизоам мора тарсондестан чи? Сад машк куне, ки мардуми Кулобчон агар я бхамба ягонтат намемонен)))))

точик
аз Худо тарс одами номаълум ки кулобчон мегуи як бор мардумро бехонаву дар кардед бас .

Кулоби аз чгп
Дар Кулоб мегуи дигар ягон одами ба савод намондааст,хамаи рохбархои идорахои шахрро аз Восеву Ховалингу Нончемасу Савхози ангурбог ва г.х оварда таъин намудаанд. Бигузор онхо пуштибони хукуматдорон бошанд.

Ҷмол
;,
Ку я бхамбе кулоҷоно!!!!
то Душанбе ва Хуҷанд хамбидантува медонем аммо берун аз марз ёд надорем садо баланд карда боше ё ба қавли хдтон ХАМБИДА боше

;,
А бача вазбин шав, нахамбен акун, хамика хамбиден ки, дига чои гапам нест.

як инсон
ба фикрм Кулоб дар осмон нест,ки бхамбен!у вакти ура! Гуфтан гузашт...

ба дируз

бо узбако ва русора фиреб карде ки ёди кулобё омад ино киргизоан точико не

Бародар хаматон хамбидагие дар Кулоб ягон кас нест дига

Чиргатол
;,
"Мардуми Кулобчон бхамба"... Мардуми Кулобчон вакте зур буд, ки самолетхои Россия ва Узбакистон дар пуштуш буданд. Холо замон дигар аст ва бо хамсояхо бояд муросо кард, на чанг.

Дар сари давлат одамхои босаводу бо акул омадагиан сабр кунед хамааш нагз мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)