Реклама ва ҳунармандҳо дар Суғд ба раис маъқул нашуданд
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд тақлидкории ҳунармандони Тоҷикистонро ба фарҳанги бегона интиқод намуда, аз беэътиборияшон ба фарҳанги миллӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Қодирӣ 20-уми январ зимни ҷаласаи васеи корӣ инчунин аз матни хароби рекламаҳо ва риоя нагардидани меъёрҳои забони давлатӣ шикоят карда, ба масъулин супориш додааст, дар ояндаи наздик ин камбудиҳоро бартараф кунанд.
Баробари ин Қодирӣ хостори ислоҳот дар соҳаҳои дигари хоҷагидории вилоят шуда, таъкид намудааст, дастуру супоришҳои президент, аз ҷумла дар бораи таъмини нақшаи буҷети давлатӣ, саривақт пардохт намудани музди меҳнат ва нафақа, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ба таври густарда амалӣ карда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |