“Elaph”: Навраси 9-солаи тоҷик дар ҷанги Сурия тарҷумонӣ мекунад
Торнамои арабзабони “Elaph” бо нашри як матлаб аз истифода шудани нерӯи кӯдакон дар нооромиҳои дохилии Сурия шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз ҳузури кӯдакони нобилиғи тоҷик дар ин танишҳо хабар додааст.
Ин торнамо навиштааст, ҳоло дар навоҳии гуногуни Сурия тамрингоҳҳои низомии хурду бузург ташкил ёфтааст, ки дар он кӯдакони ноболиғ ҳузур дошта, барои онҳо тарзи истифодаи силоҳ омӯзонида мешавад. Ба навиштаи муаллифи ин матлаб, ки аз худ Ромӣ Сувайд ном бурдааст, гӯиё ин тамрингоҳҳои ҳарбӣ марбут ба нерӯҳҳои мусаллаҳи тозаташкиле мебошанд, ки алайҳи ҳукумати Башшор Асад меҷанганд.
Муаллиф мегӯяд, дар ҷанги дохилии Сурия, кӯдакон аз кишварҳои Осиёи Марказию дигар давлатҳо, аз ҷумла Қирғизистону Узбакистон, Тоҷикистон ва Малайзия иштирок доранд: “Албатта, ин кӯдакон фарзандони ҳамон “ҷанговарони варзида”-и ин кишварҳо мебошанд, ки ҳоло алайҳи ҳукумати феълии Димишқ мубориза мебаранд.”
Ромӣ Сувайд дар матлаби худ аз як навраси 9-солаи тоҷик, ки ӯро Аҳмад ном мегирад, ёдовар шуда, мегӯяд, ҳарчанд синну соли Аҳмад барои ҷангидан имкон намедиҳад, вале ба ҳар сурат ӯ дар нооромӣ бо адои вазифааш нақши худро дорад: “Аҳмади 9-сола, ки дар баробари донистани забони модарияш-тоҷикӣ, бо забонҳои туркию арабӣ ва русӣ озод ҳарф мезанад, барои ҷанговарони чечену турк, ки забони арабиро балад нестанд, тарҷумон аст. Ӯ дар лаҳзаи лозимӣ зуд назди онҳо ҳозир шуда, тарҷумонӣ мекунад ва дар лаҳзаҳои дигар бо рафиқонаш дунболи бозиҳои кӯдакист.”
Ҷанги шаҳрвандии Сурия аз баҳори соли 2011 ба ин сӯ идома дорад. Ин нооромӣ дар пайи эътирози бархе аз сокинони ин кишвар алайҳи ҳукумати Башшор Асад, ки аз соли 2000 инҷониб қудратро дар даст дорад, ба миён омад. Баъдан ба задухурди мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифон табдил ёфта, то имрӯз садҳо нафар аз мардуми осоишта дар ин ҷанг ба ҳалокат расидаанд.
Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд. Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад. Ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон низ се ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми иштирок дар муборизаҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ба муҳлати ду солӣ маҳкум ба зиндон кард.
Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли равон гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси ин ниҳод, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад: “Ин 14 нафар танҳо онҳое мебошанд, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон муайян карда шудааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |