Бордюжа: Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ҳассос аст
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар суҳбат бо расонаҳои Русия вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дода, гуфтааст, феълан дар навоҳии наздимарзии ин ду кишвар ҳассосият аз ҳар ду ҷониб ҷой дорад.
Бордюжа, имрӯз, 21-уми январ зимни як нишаст дар Маскав гуфтааст, дар пайи тирпарронии 11-уми январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз то ҳол 7-8 мулоқоти ҷонибҳо баргузор шудаанд, вале баррасии ин даргирӣ пурра ба охир нарасидааст: “Он омил, ки ба ин гуфтушунидҳо сарони ниҳодҳои марзбонӣ ва раҳбарони Шӯроҳои амниятӣ ворид шудаанд, аз он дарак медиҳад, ки дар ояндаи наздик вазъ дар марз муътадил шуда, ҳассосият аз байн меравад.”
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд ва ахиран тирпарронӣ миёни марзбонҳои ду кишвар мояи муттаҳамсозии тарафайн шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |