Бахшҳо

Ҳимояти Муҳиддин Кабирӣ аз "Ҳанафия" дар Эрон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар инаст, ҳар кӣ дар Осиёи Миёна алайҳи арзишҳои мазҳаби “Ҳанафӣ” таблиғ ва мубориза мебарад, душмани Ислом бояд хонда шавад.

Раиси ҲНИТ, ки дар ҳошияи 27-и Иҷлоси байналмилалии “Ваҳдати Исломӣ” дар Теҳрон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот дошт, гуфтааст, ҳар кас зидди омӯзаҳои “мазҳаби “Ҳанафӣ” дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолият ва таблиғ мебарад, душмани Ислом ва миллат шинохта мешавад."

Муҳиддин Кабирӣ ба донишҷӯёни тоҷик дар Эрон таъкид кардааст, ки тӯли садсолаҳо мешавад, мардумони Осиёи Миёнаро дини Ислом ва мазҳаби “Ҳанафӣ” дар канори ҳам ҷамъ кардааст ва ба миён омадани равияву мазоҳиби дигар дар минтақа боиси низоъ ва нооромӣ хоҳад шуд. Раиси ҲНИТ илова намудааст, "шояд бархе нафарон ақидаву андешаи худро саҳеҳ ва яқин донанд, вале шароиту воқеияти Осиёи Миёна ин аст, ки таҳаммули пазириши андеша ва мазҳаби ғайри “Ҳанафӣ”-ро надорад."

Ин дар ҳолест, ки дар муқаддимаи Қонуни нави Тоҷикистон оид ба дин ҳам навишта шудааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”
Мӯҳр
78
Мазхаби ханафия доимо, мисли РПЦ дар Русия, хизматгори хукуматдорон буд. Принципхои ханафия: шох сояи худо дар замин, хукми шох фарз аст...Ин принципхо бо Ислом ягон умумият надоранд.

Абумухаммад
Ин посухи хубест барои мунофикон ва душманони ХНИТ!!! Устози азиз зинда бошед!!! ХНИТ ба пеш ба суи муваффакиятхо!!! Дунё ба умед...

форс
мардумро ба суй гояхои демократи хидоя кунед на ба мазхабу мазхаббози.худо ххудаш муйро аз хамир чудо мекунад инро фаромуш накунед пайрмавони сауди ва катар

рост
Кабири мазхаббозиро партофта аз дунболи одаму одамгари шавед, зеро Аллох аввал одамро офаридааст баьд дигару дигарро. Одам..одааааааааааааааааааааам.

ахмад
мардуми точикро ба механдусти ва миллатдусти равона созед ба миллати форс будан беш аз хама мазхабу пазхаб хидоят кунед.форсу точик як миллатанд вале арабу мугулу темурихо моро пароканда карданд ва то холаз ин накшахойи нопокашон даст намекашанд бубинед аз худ рафтани екиргизхоро бубинед афгонро бо пулихаромашорн ба якдигаркуши равона сохтан ин арабхо.ХУШЕР бошед мардуми ситамдидаи точик ва ОИНИ ЗАРДУШТРО низ фаромуш накунед ки асли мо точикон ун аст.

Хм агар принсипи ханафия шох сояи худо дар замин бошад барои хамин ин хукумату лагандбардоронаш ин кадар реклама кардаанд ханафияро э хок бар саратон

Абдуллох
Мухтарам Кабири худат дар огуши Огохои мазхаби шиъа мегардию-мардумро ба пайравии мазхаби "Ханафи"-"Насихат"-мекуни!!!-Бехтар
он аст, ки сухан бо амал як бошад!!!-Фардо дар назди Аллох аз Дин ва пайравии Суннат-хои Паёмбар пурсида мешави!!! Абуханифа-бо ахли суннат дуст ва бо рохбарони мусулмон дар пахлу буд-на гайбатгую душманпарвар!

ислом.70mail.ru
Бародари 78 мебахши ин посухе навиштаи ки шиори ханафихо яъне шох сояи худо иштибох карди ин шиори алафихо хаст на ханафихо

Санги бе қадр агар косаи заррин шиканад,
Қиммати санг наяфзояду зар кам нашавд.
Мухиддинака тилла косадурлар

мазхаби ханафи дар чазрни ислом пурнуфузтарин аст ин барои мо шараф аст. Хамеша ин суханон дар лабонатон бошан чаноби Кабири

Баъзе аз бародарони мо аз баромади Устод хеле асаби шудаанду уро ба мазхабгарои айбдор кардаанд, дар холе ки худи хамин бародарони мунаккид, пайравони мазохиби гайриханафи буда, корашон танхо хукм ба куфр намудани пайравони мазохиби "бегона" аст, мисли бародарони ПСЕВДОСАЛАФИ... Саломат боши Устод!Худо хифзат намояд!

Ссломат боши устоди муҳтарам .
саг меҷака корвон мегзара. Ба пеш устод пайравони ҳақ ҳамеша ҳастанд ва
душманҳо низ ҳамеша ҳав ҳав карда мегарданд .
барои ҳамин устувору мустаҳкам фармоиши Аллоҳи меҳрабонро анҷом диҳед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)