Боздошти 2 масъули гумрук барои "мансабфурӯшӣ"
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ду мансабдори Хадамоти гумрукро барои фасодкорӣ боздошт намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод Шарифхон Носиров, сарнозири дидбонгоҳи гумруки "Регар" барои гирифтани пора ба маблағи 13 000 доллари амрикоӣ боздошт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Носиров дар ҳамдастӣ бо Анвар Хоҷаев, сардори дидбонгоҳи гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Душанбе барои таъинот ба вазифаи сарнозири дидбонгохи гумрукии "Регар"- дар шаҳри Турсунзода маблағи 15 000 доллари амрикоиро ҳамчун пора талаб намудаанд.
Оҷонсии зидди фасод меафзояд, ки рӯзи 21 январ зимни гузаронидани ҳаракати тафтишотию фаврӣ Шарифхон Носиров, баъд аз гирифтани пора ба маблағи 13 000 ҳазор доллар дастгир гардид. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки аз боздоштшуда далелҳои шайъӣ гирифта шуда, айни ҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |