Наздикони Раҳмоналӣ: Русия кӯмак карду Тоҷикистон не

Наздикони шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон дар террори Волгоград мегӯянд, кӯмаки ваъдакардаи ҳукумати Русияро дарёфт намудаанд.
Қурбоналӣ Ғозиев, бародари Раҳмоналӣ Ғозиев, яке аз фавтидагони таркиши Волгоград имрӯз, 23-юми январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҷониби Русия ба ҳамсари Раҳмоналӣ, ки дар Русия қарор дорад, маблағи ваъдакардаашро додааст.
Ғозиев дар мавриди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, баъди фавти бародараш дар Русия то ҳол касе аз масъулин аз ҳоли хонаводааш дар Тоҷикистон хабар нагирифтааст ва кӯмаке ҳам накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни як ҷаласа ба масъулин дастур дода буд, ки ба наздикону пайвандони ду шаҳрванди кишвар, ки бар асари таркиш дар шаҳри Волгогради Русия охири соли гузашта ҳалок гардидаанд, дасти кӯмак дароз намоянд.
Дар ҳамлаи террористии Волгоград, ки охири декабри соли 2013 сар зад ду шаҳрванди Тоҷикистон, Раҳмоналӣ Ғозиеви 42-сола ва Тошпулод Назарови 54-сола ба ҳалокат расида буданд. Дар маҷмуъ ҳамлаҳои терористии Волгоград даҳҳо кушта барҷой гузоштанд, ки ба оилаҳои ҳар кадомаашон сарфи назар аз табаият мақомоти Русия 2 миллион рубл кӯмак ваъда карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |