Комилов: Сохтмони таваққуфгоҳ дар назди биноҳои навбунёд ҳатмист

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар сохтмонҳои кишвар аз манбаҳои гуногун ба маблағи беш аз 5 миллиарду 694 миллион сомонӣ истифода шудааст.
Абдувалӣ Комилов, раиси ин Кумита, имрӯз, 23-юми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз ҷумла қайд кард, ки соли гузашта дар кишвар беш аз 975 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.
Комилов таъкид намуд, ки тайи се соли охир бо назардошти афзоиши воситаҳои нақлиёт дар кишвар зимни бунёди хонаҳои бисёрошёна сохтмони таваққуфгоҳ низ дар назди онҳо ҳатмӣ шудааст.
Оқои Комилов инчунин изҳор намуд, ки аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 36 шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст: “То ба имрӯз дар пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумита таҳия ва тасҳеҳи накшаҳои генералии шаҳрҳои Панҷакент 98 фоиз, Қайроқум 50 фоиз, ноҳияи Бохтар 60 фоиз Абдураҳмони Ҷомӣ 25 фоиз, Восеъ 80 фоиз, Ғончӣ 70 фоиз мавриди коркард қарор доранд”.
“Нақшаҳои генералии 9 шаҳру ноҳия, аз ҷумла, шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Темурмалик, Ҷалолиддини Румӣ, Дарвоз, Вахш, Спитамен, Муъминобод, Ванҷ, шаҳраки С.Исоеви маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ пурра ба анҷом расида дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Тибқи нақша-чорабинии Кумита тасҳеҳи нақшаҳои генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то соли 2015 анҷом ёбад”-афзуд Абдувалӣ Комилов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |