Боздошти шаҳрванди Чин бо маводи мухаддир дар Мурғоб

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳафтаи равон ду шаҳрванди хориҷиро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт кардааст, ки якеашро соли 2008-ум додгоҳи Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум карда буд.
Тибқи иттилои Агентӣ кормандони ин ниҳод шаби 21 январ дар шоҳроҳи Ҳамадонӣ - Душанбе автомашинаи тамғаи “Нива-Шевролет”-ро мавриди тафтиш қарор дода, аз дохили он 23,5 кило маводи мухаддир дарёфт намудаанд, ки ба шаҳрванди 35-солаи Афғонистон, сокини вилояти Тахор М.И. тааллуқ доштаст: “Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки М.И. соли 2008 барои фурӯши 8 кг героин аз тарафи суди Тоҷикистон ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд. Ӯ соли соли 2009 барои давом додани иҷрои ҷазо ба муассисаи ислоҳшавии вилояти Тахори Афғонистон гузаронида шуд. Соли 2013 аз муассисаи ислоҳшавӣ озод гардида, боз ба кочоқ даст задааст.”
Баробари ин кормандони Агентӣ дар ноҳияи Мурғоб дар мавзеи Ҷамантол ҳангоми азназаргузаронии машинаи тамғаи «Jieng Fang» ба ронандаи машина - шаҳрванди Чин таваҷҷуҳ намуданд, ки ӯ асабонӣ рафтор менамуд: “Ӯ кӯшиш менамуд зудтар аз ҷои азназаргузаронӣ ҳаракат намояд. Бо назардошти ин кормандони оперативӣ қарор доданд, ки автомашинаро бодиққат аз назар гузаронанд ва дар кабинаи он як махфигоҳ ва аз он ҷо маводи мухаддир дарёфт кардаанд.”
Манбаъ мегӯяд, айни ҳол тафтиши ҳар ду ҳолат идома дошта, чораҳо барои дарёфти шарикони ин шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |