Донишгоҳи ал-Азҳар дари бахшҳои худро баст
Донишгоҳи исломии ал-Азҳари Миср дари бахшҳои худ дар навоҳии гуногуни ин кишварро барои як давраи номуайян муҳр задааст.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, масъулини ал-Азҳар гуфтаанд, ин иқдом ба хотири бозсозии бахшҳои донишгоҳ гирифта шудааст, ки дар пайи тазоҳуроти ҷорӣ дар Миср таъмирталаб шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки донишҷӯёни бахши донишгоҳи ал-Азҳар дар шаҳри Искандария бахшида ба дуюмин солгарди Тазоҳуроти 25 январи соли 2011, ки мунҷар ба барканории Ҳусни Муборак, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар шуда буд, рӯзи 24 январ гирди ҳам омада, даст ба тазолҳурот заданд. Дар пайи ҳамлаи артиши Миср алайҳи донишҷӯёни гирдомада як донишҷӯй ба ҳалокат расида, даҳо тани дигар захм бардоштаанд.
Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” мегӯяд, артиши Миср дар ҳоле ба ин донишҷӯён дар Искандарияа ҳамла карда, мехост, онҳоро пароканда созад, ки Муҳаммад Иброҳим, вазири умури дохилии ин кишвар гуфта буд, касе ҳақ надорад, монеи таҷлили солгарди Тазоҳуроти 25 январи соли 2011 шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |