Дуйшенбиев: 11 нафарро барои гапногирӣ ва қатли як қирғиз нобуд сохтем

Хадамоти марзбонии Қирғизистон далели ба пуррагӣ нобуд кардани ҳайати 11-нафарии марзшиканонро шарҳ дод.
Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 24 январ зимни нишасти хабарие гуфт, ин гуруҳи 11-нафарии марзшикан ба хотире пурра нобуд карда шуданд, ки як шаҳрванди ин кишварро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буданд.
Инчунин ба гуфтаи Дуйшенбиев, ин гуруҳи марзшиканон аз таслим шудан саркашӣ кардаанд: “Онҳо бо истифода аз дуди сухтори бинои дидбонгоҳи “Пикертик”, ки аз сӯи онҳо оташ зада шуд, мехостанд, фирор кунанд. Вале ба хотири аз даст додани онҳо, ман дастур додам, ки пурра нобуд карда шаванд.” Иҷрокунандаи вазифаи раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳадафи ин гуруҳ аз ҳамла ба марзбонони кишварашро соҳиб шудани силоҳ арзёбӣ кардааст.
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи 23 январи соли ҷорӣ бо пахши як иттилоия аз даргирии нави мусаллаҳона дар марз хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи марзшиканон корманди хоҷагии шикори ин кишварро кушта, ба марзбонони минтақаи Иссиқ-кӯл мухолифати мусаллаҳона нишон додаанд. Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуруҳи марзшиканон дар 40-километрии марзи ин кишвар бо Чин муҳосира ва кушта шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |