Шералӣ Хайруллоев ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмон дар умури амнияти миллӣ шуд

Шералӣ Хайруллоев -- вазири собиқи мудофиа бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ёрдамчии ӯ дар умури амнияти миллӣ таъин шудааст. Ин фармон таҳти рақами 133 рӯзи 25 январи соли ҷорӣ содир шуд.
Шералӣ Хайруллоеви 63-сола, ки 18 соли ахир вазири дифои Тоҷикистон буд, рӯзи 20 ноябри соли гузашта аз мақомаш барканор гардида, ҷояшро ба Шералӣ Мирзо дод. Он вақт Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз корҳои Хайруллоев ва ҷасорату матонати ӯ дар 18 соли гузашта тавсиф кард гуфта буд, ки “Хайруллоев аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ карданаш то ҳол ба Ватан ва миллат содиқона хизмат кардааст.” Худи Шералӣ Хайруллоев низ таъкид намуд, "ман як камуфляжро нигоҳ медорам ва ҳар лаҳзае, ки лозим шуд, барои ҳимояи Ватанам хоҳам рафт".
Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, аз соли 1995 инҷониб вазири дифоъ буд. Расонаҳо борҳо аз фаъолияти оқои Хайруллоев интиқод карда, дарозумрии ӯ дар ҳукумати Тоҷикистонро низ таъкид намудаанд. Бахусус, фаъолияти ӯ дар замони ҳамла болои корвони мошини сарбозони тоҷик дар дараи Камароб дар соли 2010 ва ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ дар тобистони соли 2012 мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |