Ба Human Rights Watch "минбар" надоданд, то гузоришашро қироат кунад

Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ба Дидбони ҳуқуқи башар ё “Human Rights Watch” иҷоза надодаанд, дар яке аз меҳмонсароҳои ин минтақа бо баргузории нишасте вазъи ҳуқуқи инсон дар ин минтақаро арзёбӣ кунад.
Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 26 январ бо пахши як изҳорот аз ин амалкарди мақомоти Иморот ба шиддат интиқод карда, хостори тавзеҳоти ин иқдомашон шудааст. Human Rights Watch мегӯяд, иҷоза надодани мақомоти иморотӣ ба баргузории нишасти хабарии ин созмон дар ИМА аз набудани озодии баён ва поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин минтақа хабар медиҳад.
Ин созмони байналмилалии ҳуқуқӣ таъкид дорад, дар сурате Имороти Муттаҳидаи Араб худро маркази васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ мешуморад, бояд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузошта, танқидпазир бошад.
Нишасти хабарии Human Rights Watch интизор мерафт, рӯзи 23 январ дар яке аз меҳмонсарои ИМА барпо шуда, дар он гузориши солонаи ин созмон дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳо қироат мешуд. Намояндагони ин созмон мегӯянд, онҳо толорои баргузории нишасти хабарии худро як моҳи пеш аз санаи барпо шудани он фармоиш дода буданд. Вале масъулини меҳмонсаро танҳо рӯзи баргузории нишаст ба намояндагони Human Rights Watch гуфтаанд, ки онҳо наметавонанд нишасти худро инҷо баргузор кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |