Бишкек монеасозиҳо барои тоҷикон дар "Манас"-ро рад кард

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабари дармондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Манас”-ро рад кардааст.
Гулмира Борубаева, котиби матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, парвози хатсайрҳои самти Душанбе-Бишкек тибқи ҷадвал сурат гирифта, ягон маҳдудияте барои шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми убури марз ҷорӣ нашудааст.
Хонум Борубаева таъкид доштааст, ки ҳар чанд муваққатан вуруд ва хуруҷи нақлиёт ва шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон тариқи гузаргоҳҳои марзӣ манъ аст. Вале ба гуфтаи ӯ, тавассути ҳавопаймо шаҳрвандони ду кишвар бемамониат метавонанд, ба ватани ҳамдигар сафар кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонси иттилоотии “Азия Плюс” шоми рӯзи 26 аз дармондани чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла Парвиз Мулоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик дар фурудгоҳи “Манас” хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, кормандони Хадамоти марзбонии Қирғизистон бидуни шарҳу тавзеҳот тӯли чанд соат ба ин шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза надодаанд, бинои фурудгоҳро тарк кунанд.
Бо мушкил рӯбарӯ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дар фурудгоҳи “Манас” бори аввал нест, рӯзи 22 январ низ ба аз 35 шаҳрванди кишвар дар фурудгоҳи “Манас”-и Бишкек дармонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |