Валиев хабари Сабзов дар бораи қиморхонаро беасос донист

Сироҷиддин Валиев, раиси “Тоҷикматлубот”, таъсиси қиморхонаи бузургтарини кишвар дар базаи дуюми ин ниҳод дар ноҳияи Ҳисорро бепоя хонд. Валиев рӯзи 27 январи соли ҷорӣ ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Тоҷикматлубот” феълан дар Ҳисор база надорад ва аз ин рӯ, ошкор шудани қиморхона марбут ба онҳо нест.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор, тайи як нишасти хабарӣ гуфта буд, дар пайи шикояти шаҳрвандон дар базаи дуюми “Тоҷикматлубот” гурӯҳҳоеро, ки даст ба қиморбозӣ мезаданд, ошкор ва боздошт намудаанд. Усмон Сабзов иброз намуда буд, бо ҳамроҳии Валиҷон Табаров, сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳия, маслиҳат намуда, ба макони қиморхона рафтаанд ва аз тамоми корҳое, ки ҷавонон он ҷо машғул мешудаанд, шахсан огоҳӣ ёфтаанд.
“Як рӯз сардори шӯъбаи корҳои дохилиро гуфтам, як ҷо говдуздӣ аст, мо рафта бо ҳамроҳи онҳо говдуздӣ мекунем ва ҳамин тариқ ҷинояткорҳоро боздошт мекунем. Либосҳои дигар пӯшидему рафтем. Бо ҳамон суроғаи додагӣ рафтем, ки дур набудааст, базаи дуюми Тоҷикматлубот, дар сари роҳ будааст. Вақте ки он ҷо рафтем, як одам истодагӣ мошинҳоро ҷо ба ҷо мекунад”,-нақл карда буд ӯ.
Ба қавли Усмон Сабзов, дар натиҷа аз ҳудуди 300 нафар дар маркази қиморбозӣ, 83 нафарашро худи ҳамон шаб боздошт намудаанд ва ҳамчунин 63 мошинро маҳкам намудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |