Карамушкина хост, ҳарими ҳавоӣ бо Тоҷикистон баста шавад

Ирина Карамушкина, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки дар робита ба тирпаронии 11 январ ҳарими ҳавоии Қирғизистон бо Тоҷикистон низ муваққатан баста шавад.
Карамушкина рӯзи 27 январ зимни ҷаласаи Кумитаи парлумони Қирғизистон оид ба умури амниятӣ гуфтааст, барои ҳалли низои марзӣ беҳтар медонад, ки ҳарими ҳавоии кишвараш бо Тоҷикистон муваққатан масдуд карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинони назди сарҳадаии кишвараш ҷонибдорӣ масдуд боқӣ мондани сарҳад бо Тоҷикистон ҳастанд: “Онҳо омодаанд, ба хотири ҳалли мушкилоти марзӣ ба масдуд боқӣ мондани гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон тоқат кунанд.”
Ин намояндаи мардумии қирғиз дар идома аз поин будани маоши марзбонон ва холи будани ҷойҳои корӣ дар ин ниҳод нигаронӣ кардааст: “Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон 124 ҷойи корӣ вуҷуд дорад, дар ҳоле ки шумораи бекорон рӯ ба афзоиш овардааст.” Карамушкина мегӯяд, сокинони кишвараш гуфтаанд, дар ҳоле омодаанд, дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон фаъолият кунанд, ки маоши миёна то ба 20 ҳазор сом боло бурда шавад: “Бо 10 ҳазор сом дар моҳ, кӣ барои Шумо марзбонӣ мекунад?”
Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара рух дода, дар пай ин ҳодиса хатти марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон масдуд гардид. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |