Номнависи онҳое, ки дар маҳфили ҲНИТ иштирок доштаанд

Масъулони дафтари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Ҳисор мегӯянд, мақомоти амниятии ин ноҳия барои баргузории маҳфиле ба муносибати мавлуди паёмбари Ислом ба онҳо монеа эҷод намуда, номи ҳамаи онҳоеро, ки дар ин маҳфил иштирок доштанд, навишта гирифтаанд.
Муҳаммаднабӣ Бердиев, раиси дафтари ҲНИТ дар Ҳисор, рӯзи 28 январ бо “Озодагон” дар тамос шуда, гуфт, аз рӯи барнома имрӯз ба муносибати мавлуди паёмбар як семинари фарҳангӣ бояд баргузор менамуданд, вале мақомоти амниятии ноҳия нагузоштаанд, то ин чорабинӣ баргузор шавад. Ӯ афзуд, мақомот ба онҳо ишора намудаанд, ки мавлуди Расули Худоро дар масҷид бояд гузаронд, на дар қароргоҳи як ҳизби сиёсӣ.
“Ин ҷо мавлуд набуд, як семинари фарҳангӣ ба муносибатӣ ҷашни Расули Худо, дар бораи ҳаёту фаъолияти ӯ дар назар буд. Лекин мақомот ба аъзои ҳизб, ки дар ин чорабинӣ хоҳиши ширкат намудан доштанд, таҳдид намуданд ва номи ҳар якеяшонро навишта гирифтанд”,-илова кард Бердиев. Мавлуди паёмбар (с) ҳар сол 12-уми рабеъ-ул-аввал фаро мерасад, ки имсол ба таърихи 12 ба 13 январи соли 2014 рост омада буд. Аксар вақт аз як ҳафта то як моҳ аз он таҷлил мешавад.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти ноҳияи Ҳисор барои баргузории маҳофили Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин ноҳия монеагузорӣ мекунанд. Соли гузашта мақомоти интизомии Ҳисор нагузошта буданд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бо аъзои ҳизбаш дар ин ноҳия дидору мулоқот анҷом бидиҳад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |