Радиои "Салом" дар Чкалов ба фаъолият оғоз кард
Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд радиои наве бо номи “Салом” таъсис дода шуд. Ин радио бо дастгирии ҳукумати маҳаллии Чкалов таъсис ёфта, расман рӯзи 28 январ фаъолиятро оғоз кардааст.
Субҳиддин Қодиров, сухангӯи шаҳри Чкалов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, барномаҳои ин шабака рӯи мавҷи 93,3 FM пахш шуда, дар баробари сокинони Чкалов ҳамзамон аҳолии Хуҷанд, ноҳияҳои Мастчоҳу Конибодом, Истаравшан ва қисман минтақаҳои шаҳри Исфара низ шунида метавонанд.
Ба гуфтаи Қодиров, ҳоло дар радиои “Салом” 9 нафар фаъолият дошта, пахши барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ то тӯли 18 соат ба самъи шунавандаҳо расонида мешавад. Дар вилояти Суғд 10 шабакаҳои радиошунавонӣ, аз ҷумла 9 шабакаи радиои ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |