Бахшҳо

Шаҳло Мӯсоева ба курсии раиси ТВ “Пойтахт” нишаст

Шаҳло Мӯсоева, ки то ин дам ба ҳайси мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе кор мекард, роҳбари телевизиони “Пойтахт” таъин шуд. Хонум Мӯсоева гузашта ба унвони ноиби раиси Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон низ кор кардааст.

Раҳбари нави ТВ "Пойтахт" дар сӯҳбати рӯбарӯе, ки 28 январ бо хабарнигори “Озодагон” дошт, гуфт, ошноияш бо фаъолияти шабака рӯзи сешанбе оғоз ёфта, аммо дар ҳоли ҳозир нақшаи тағйири шеваи кор ё барномаҳои ин телевизионро надорад. Ӯ афзуд, баъд аз омӯзиши кори мутахассисони телевизион ва шеваи кори онҳо тасмим хоҳад гирифт, ки дар минбаъда чӣ гуна фаъолият хоҳанд бурд.

Бо ин ҳол, Шаҳло Мӯсоева гуфт, талоши онҳо бештар сари он хоҳад буд, ки дар ин шабака ҳарчӣ зиёдтар кори шаҳрдорӣ ва масоили марбут ба он баррасӣ гардад. "Дар масъалаи ҳайати эҷодӣ танҳо ҳаминро мегӯям, ки мутахассиси хуб ба кори худ идома хоҳад дод",-афзуд ӯ.

Шаҳло Мӯсоева дар мақоми раиси телевизиони “Пойтахт” Абдуқодири Абдуқаҳҳорро иваз кардааст, ки рӯзи 27 январи соли ҷорӣ баъд аз мулоқоташ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, эълон кард, аз раҳбарии ин телевизион истеъфо дод. Ҳарчанд Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз ҷузъиёти ин тасмими худ худдорӣ кард, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, истеъфои ӯ дар пайи “якдигарнофаҳмиҳо” бо шаҳрдорӣ дар мавриди фаъолияти ин шабака сурат гирифтааст, ки тибқи хостаи шаҳрдорӣ ин шабака бояд соҳавӣ мешуд, аммо Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба он розӣ нашудааст.

Телевизиони “Пойтахт” соли 1996 таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Дар аввал раҳбарии ин телевизионро Раҳмон Остон бар ӯҳда дошт ва соли 2012 курсияшро ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор дод. Телевизиони “Пойтахт” шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ба шумор рафта, дар аҳди Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки охирҳои соли 2012 ба ин мақом таъин шуд, барномаҳои худро 20 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо мекард. Аммо пас аз чанде, бахусус баъд аз пахши навор дар бораи Гулрухсор Сафиева, аз фаъолият бозмонд ва дуюмбора танҳо бо пахши 8-соатаи барномаҳо фаъол шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
та пойтахт
Акаи Абудкодирро барои хамин холи кардеду барои онки боз оилаи як макоми болои сохбиб вазифа шавад кадрхо ва магзхо барои хамин аз ин кишвари бечора мегурезанд. гузарондед неки

Мебахшен ман мункин нафамам лекин Шумо вазифаи хамин хонума дар Шаходатномаш ахмят доденн чи навистаги оё калимаи мебошад хамунча лозим буд ?

Аз Шаходатнома ва "мебошад" маълум аст, ки саводи хуби фарханги дорад. Вой бар холи ТВ пойтахт гуфтан гиред

Мебошад
Дар хакикат "мебошад" хамаро кушт:-) Окибати ТВП хам ТУРБ мебошад)))))

Калька
" мебошад " тарчумаи русии " является " аст. Албатта ки, хатост! Дар хукумати шахр бояд, ки инсонхои тахсилкарда ва босавод кор карданашон лозим аст.

Ман хастам
Калима " мебошад"-ро дидам дигар хочат ба сухан гуфтан нест ин худаш исбот кард , ки номи ТВПойтахт бояд ба ТВПрикол тагйир дода шавад.та пойтахт,

Мавлон
Бародархо дар хакикат шаходатномаи муаллима аз хато холи нест. Аммо хонум Шахло дар замоне ки ман тахсил мекардам духтари зебо ва аълохон буд. Шояд ки аз серкори ахамият надодааст ки хуччат пур аз хато будааст. Мо хамаамон медонем, вале гохо намедонем.та пойтахт,

Агурик
Абдукодирчон кори нодуруст карди наход хамин кадар нозанинро чонишинат монанд истеъфо дихи.... Гардани шайтонро шикану аз рохат баргард ))) Чунин нозанинро дигар намеёби...

Tojik
Mumkin ////// Ubaydulloev boshad, ki vazifai mudiriro ba u dodu Aduqodirro kidat kard!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)