Бахшҳо

Кумитаи дин: “Амонуллозода мувофиқи қонун... амал кардааст”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон навори баҳси Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ бо Эшони Нуриддинҷон, рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналиро шарҳ дод. Ин намози ҷаноза се ҳафтаи пеш дар маҳаллаи Оли Сомон (собиқ Оли Совет) баргузор шуда, то ҳоло ҳарорати баланди баҳси он дар торнамову шабакаҳои иҷтимоӣ поин наомадааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, аз рӯи хулосаи масъулони Кумита, “Ҷамолиддини Амонуллозода мувофиқи шариат, қонун ва оинномаи иттиҳодияи динӣ амал кардааст ва ин мавзӯъ ниёз ба баррасӣ надорад.”

ВОКУНИШИ ИДОРАИ ДИНИ РӮДАКӢ

Масъулини Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ низ мегӯянд, моҷарои пешомада дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ миёни Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳия ва Эшони Нуриддинҷонро таҳқиқ нахоҳанд кард, чун дар он ҳеҷ навъи қонуншикание дида намешавад. Дар ин ҷанозаи сокини маҳалли Оли Сомон (Оли Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ Амонуллозода ба Эшони Нуриддинҷон, ки бо васияти майит барои адои намози ҷаноза ҳозир шудааст, иҷоза намедиҳад, пеш гузарад.

Мухтор, сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, 29 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин моҷаро ниёзе ба таҳқиқ надорад, чун дар он ҳама вазифаи худро адо кардааст. Ӯ гуфт, “мо рафтем аз дур назорат бурдем, чи гуна тафтишот мебарем, чӣ ҳақ дорем? Ҳама кори худро кардааст...” Ба гуфтаи сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамолиддин Амонуллозода сиvмати сархатибии ноҳияро дорад ва дар сурати ҳузури ӯ, касе ҳаққи пешдароӣ дар намози ҷанозаро нахоҳад дошт: “Вале агар аз рӯ эҳтиром гирем, домуллоҳо метавонанд, ба шахсиятҳои аз худ боло иҷоза диҳанд, то намозро гузорад.”

Чанд рӯз пеш дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки мавриди баҳси зиёди корбарон шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, қарор гирифтааст. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
МУХЛИСИ ЭШОН
ВОЙ БА ХОЛАТ ЧАМОЛИДДИНИ АМОНУЛОЗОДА НАХОД БАРОИ ПУЛУ МАНСАБ ОБУ РУЙИ ДИНРО РЕЗОНДИЮ ХУДРО ШАРМАНДА КАРДИ.

Сорбон
Канд занед, Чамолиддин кори дуруст кардед. Вай худаш ким, ки пешдаро мешудаст.

сафар
Вай худаш хамон олими хакикии исломиест ки мардум бо ду дасти адаб ичозаи чанозаро додаанд

sokini dushanbe
jamol amonullozoda pisyor be odob hast chun payombari xudo s meguyand harkase buzurgi moro hurmat nakunad va rahmi ba xurdi mo nakunad az mo nest eshoni Nuriddinjon az padarsha kalon bud padarsha ba yod na ovard

кадоме ин навора тамошо кунад мефахмад ки ин муло нест чунки агар муло боша факат ба гуфтаи худо ва пайгамбар мебуд ин эшона ин хел бе хурмати намекад бояд олимона хурмат кунем

Абу Осия
Оё ба ин кораш ин чамол исломро пеш мебарадми не балки ба мардум беодобиашро нишондод!

собит
Ба журналистон ман хайрон аз пашша фил месозанд наход ба ин казия "бахси Амонуллохзода бо эшони Нуриддинчон" ном ниходан аз инсоф бошад , ба ин казияи бояд " беодобии Амонуллохзода дар чаноза "номидан лозим буд

Рухшинос
Рухи падаратро ношод карди, Чамол! Бо ин кадар беодоби фикр мекунам гирифтори кадом беморие хасти. Бемории мансабчон аст ба фикрам, не?

ШАЙХ
фаркашчи кадомаш мехонад, ин муллочаи чавони бесавод хурмати калоноя намедонистаас.

Карим
дар охир нафахмидем 100 доллара ва колин ба кадомаш дода шуд?! чунки ба хама маълум аст ин муллохо дороии ин майитро ба назар гирифта ба чаноза омаданд.

товба
Аз руи одоб Эшони Нуриддин бояд аз Чамолиддини Амонуллозода ичозат мепурсид, ки зид нести, ки ман чанозаро бихонам. Ин як одоб аст, ки тамоми мусалмонон ба чо меоранд.

дустам гумонат хато мебошад дар хаки якас гумони бад доштан хело шунохи вазнин аст фардо пеши Аллохда чавоб дода наметони бо дустони Алох ин хел дуст бош

Карим
ахрор,

ман дар шумо хайрон мешавам. Оё Хак Таъоло нидо кард ё шумо аз пеши Худо омадед, ки гуфт Эшони Нуридин ё дигараш дусти ман аст!?. барои чи аз пеши худатон хар пешгуи мекунед. Худо худаш медонад ки киро дуст гирад

Чамила
Ин Чамолиддинеки фитнаро дар дили мардум андохтааст бояд ба чавобгари кашида шавад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)