Қирғизистон нерӯҳои иловагияшро аз марз бо Тоҷикистон берун мекашад
Тамоми ҷузъу томҳои мақомоти қудратии вилояти Бодканд амр гирифтаанд, ки марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистонро тарк намуда, ба ҷои аввалаашон баргарданд. Чунин тасмимро Искандар Мамбеталиев, сардори ситоди Хадамоти сарҳадӣ, пас аз мулоқоти намояндаҳои бахши марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон гирифтааст.
Мамбеталиев гуфта, ки ҷониби Тоҷикистон ҳам дар навбати худ ваъда додааст, нерӯҳои иловагияшро аз марз бо Қирғизистон берун мекашад. Ба қавли ӯ, акнун ҳифзи сарҳадот ба ҳолати маъмулӣ хоҳад баргашт.
Дар пайи тирпаронӣ миёни марзбонҳои қирғизу тоҷик, ки зуҳри 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба вуқуъ пайваст, ду ҷониб нерӯҳои бештареро дар наздикии марз мустаққар карданд.
Гуфта мешавад, ин тирпаронӣ аз ду тараф ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |