Бахшҳо

Рақиби “Равшан”-и Кӯлоб дар Яман бе варзишгоҳ мондааст

Тими футболи “Ал-Ярмук”-и Яман, ки қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ бо дастаи “Равшан”-и Тоҷикистон барои ҷоми АФК-2014 қувваозмоӣ кунад, мегӯяд, мақомоти кишвараш барои тамрин майдон намедиҳад.

Алӣ Баҳааҷ, менеҷери дастаи “Ал-Ярмук”, дар суҳбат бо расонаҳои хабарии арабзабон гуфтааст, бо дастури Ҳамид Шайбонӣ, дабири кулли Федератсияи футболи Яман, дари варзишгоҳои ин кишвар ба рӯи бозигарони тимаш баста шудааст.

Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки то вохӯрии навбатии ин тим бо дастаи Равшани Тоҷикистон рӯзҳои ангуштшумор мондааст, ҳанӯз “ал-Ярмук” майдоне надорад, ки тамрин гузаронад. Ба қавли Алӣ Баҳааҷ, дарбонҳои варзишгоҳи “Мурайсӣ”-и Яман нагузоштаанд, бозигарони “ал-Ярмук” дар ин майдон омодагӣ бинанд: “Онҳо мегӯянд, аз дабири кулли Федератсияи футбол дастур гирифтаанд, ки бозигарони ин тимро ба майдон воридшавӣ намонанд.”

Алӣ Баҳааҷ гуфтааст, ба иловаи ин ҳама чанд бозигари “ал-Ярмук”, аз ҷумла Сауд ас-Сиводӣ, дарвозабони даста дар вохӯриҳои гузашта бо тимҳои дигар захм бардоштаанд, ки ҳанӯз пурра сиҳат нашудааст. Аммо ба ин ҳама нигоҳ накарда, Марван Басабас, дарвозабони “Ал-Ярмук” бар ин аст, ки дар вохӯрӣ пирӯзиро ба даст хоҳанд овард: “Бо вуҷуди ин ҳама монеагузориҳои мақомот, тим ҳудуди 70% барои қувваозмоӣ омода мебошад ва бо тамоми нерӯ ба майдон хоҳад баромад.”

Дидори “Равшан” ва дастаи “Ал-Ярмук” дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014, қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад.
Мӯҳр
Мухлис
Шумо варзишгох надорен мо бошад сарпараст. Кадомаш дар холати бехтар аст?

Ин амал аз тарафи тиммхои ба Мо шинос аз чумла давлатхои Яману Сурия, Кохира ва Урдун холатхои мукарари аст!!! Чунки варзишгоххои ин давлатхо ШАХСИ хастанд Кадом тиме, ки хохад тавасути шартнома метавонад истифода аз варзишгох бубаранд! Дуюм ин, ки ба ин изхоротхои ракибон куллан дода нашуда тамринро дастаи "РАВШАН" бояд боз хам мустахкам намоянд!!! Умедворем, ки бози бо хисоби калон ба нафъи Точикистон анчом хохад шуд!!! Соли гузаштаро фаромуш намоед - хама мухлисони футболи Точикро ба варзишгохи ш. Турсунзода хайрамакдам мегуем!!!

Восеъ
ЭЁ-СОДДАХО-ЧУН-АРАБХО-ФАХМИДАН-КИ-КУЛОБИХОИ
-МОЧИЗЕ-НАДОРАНД-ЧУНИН ДИЗЕНФОРАТСИЯРО-ПАРТОФТАНД-БАРЪАКСИ-ОН-КУШ
И КУНЕДД-КИ-БАРЕД-ЧУН-ПОМИРИ-ОВОЗАРИ ТОЧИК!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)