Бахшҳо

Талаби роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух. Ба ивази чӣ?

Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди ҳалли баҳсҳои марзӣ, ки ду рӯзи охир дар Исфара баргузор ва бидуни имзои кадом қарордоде ба поён расид, 30 январ дар Бишкек идома хоҳад кард.

Дар мулоқоти Исфара ҷониби Тоҷикистонро Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори сарраёсати марзбонӣ, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ ва Маҳмадтоҳир Зоиров, раиси Кумитаи замин ва геодезии кишвар намояндагӣ кардаанд.

Ворух ба ивази Кӯктош?

Як манбаи огоҳ аз Исфара мегӯяд, дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз Қирғизистон гӯиё хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим. Дар сурати ризояити Бишкек, мегӯяд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт.

Вале мусоҳиби мо мегӯяд, ин талаби Тоҷикистон Қирғизистонро ба андеша водор кардааст ва маълум нест, ин баҳсу баррасиҳо то куҷо идома хоҳанд ёфт. Агарчӣ мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ин хабарро тасдиқ ё такзиб накардаанд, аммо рӯзноманигор Додохони Эгамзод, ки бо дархости мақомот барои ширкат дар маъракаи фаҳмондадиҳӣ ба Ворух рафтааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта, ки ин пешниҳоди Тоҷикистон ба хотири аз ҳолати ҷазирақаламравӣ хориҷ кардани Ворух аст.

“Масъалаи роҳ, ки ҳал шавад, дигар масъалаҳоро комиссия худ ҳал мекунад. Воқеан, вақте қирғизҳо мехоҳанд Оқсойро аз ҷазирақаламравӣ берун кунанд, Ворух чӣ? Мо ҳам бояд Ворухро аз ин вазъ берун кунем. Ба мардум фаҳмондем ва мардум фаҳмиданд”,-афзудааст ӯ. Бо ин ҳол, рӯшан нест, Қирғизистон дар навбати худ аз Тоҷикистон чӣ хоста ва дар сурати додани роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло бар ивазаш аз Душанбе чӣ хоҳад гирифт. Дар ҳоле ки яке аз масъалаҳои баҳсбарангези ду тараф сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ аз тарафи Қирғизистон дар қаламрави баҳсбарангезест, ки бештар аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Роҳи баҳсбарангез

Сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон, ки қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангез мегузарад, 11 январ ба тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз оварда буд. Шараф Файзуллоев, сардори сарситоди қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шарҳи иллати сар задани ин тирпаронӣ гуфта буд, “ҷониби Қирғизистон бо дастури ноиби нахуствазири Қирғизистон Тоқон Мамитов истинод карда, сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки аксаран аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, аз нав давом дод.”

Дар ҳоле ки ба гуфтаи генерал Файзуллоев, бар асоси протоколе, ки соли 2008 миёни мақомоти тоҷику қирғиз омода шудааст, ҷонибҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези марз, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, набояд сохтмоне ба роҳ бимонанд. Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин баҳс паст наомада, марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафири худро аз Душанбе барои “мушовара” ба Бишкек хонду марзбнҳои тоҷикро дар сар задани ин ҳодиса муттаҳам кард.

Швейтсария – миёнарав?

Дар ҳамин ҳол, Швейтсария гуфтааст, тавассути маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Бишкек метавонад, ба ҳайси миёнарав барои ҳалли бӯҳрони марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак намояд. Дар ин бора Ренэ Ҳоленштайн, сафири Швейтсария дар Қирғизистон, рӯзи 29 январ дар нишасти хабарие дар Бишкек изҳор доштааст.

Ба қавли ӯ, субҳи чоршанбе ҳайати САҲА, ки дар миёнашон намояндаи сафорати Швейтсария дар Бишкек низ ҳаст, барои ошноӣ бо вазъ ба вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Исфара, рафтаанд. “Сафорати Швейтсария ба ҳарду ҷониб мегӯяд, агар онҳо майле доранд, метавонем тамоми ёриҳои заруриро бирасонем. САҲА метавонад, ба ҳайси миёнарав барои ҳалли низоъҳо мусоидат кунад”,-афзудааст ӯ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точиккиргиз
САҲА баракс оташба равган мерезад..бехтар бе"хузур"-и онхо.. .

Хамватанон ва дастандаркорони азиз, ягон вачаб заминро додан лозим нест, чи тавре, ки санадхои бадаст оварда сархадро муайян мекунанд хамонхел худудро талаб кунед. Замони вахдати милли ва аз байн бурдани махалгарои дар хаминчост. Гурури миллиро аз даст надихед. Чахони имруза хаминро талаб мекунад. Гузашт кардан ин амали нобахшиданист.

масъалаи рохи исфара-ворух набояд бар ивази сохтани рохи "куктош-оксой- тандык" хал шавад. Чунки баъди ишголи сари об на рах ба касе даркору на ворух. Ворухихо аз хоб бедор шавед. фардо фарзандону наберагон шуморо намебахшанд.

Хушбахт,

Mо-ку додани нестем,лекин баъзе рохбарони мо ин хел акида надоранд.Рахмат ба марзбонон ва дигар сохторхои кудрати, ки то дируз дар сархад истодагари ва якакидаги нишон доданд, хатто чони худро зери хатар гузоштанд.Халк хам бовар кард,ки артиш кудрати химояи халкро дорад... Аммо бо омадани чаноби Ш.Хайруллоев ба Исфара кор ранги дигар гирифт: рози шудем, ки киргизхо рохро созанд, куввахоро баровардем, аз киргизхо хохиш кардем,ки марзро кушоянд ва гайра.. Истодагарии куввахои мо то хозир хеч шуд.. Киргизхо элон карданд, чониби Точикистон беасос будани даъвохои марзии худро фахмида куввахояшро берун баровард, мо галаба кардем ва монанди ин...
Ин Хайруллоев бо чи ният омадааст, худаш медонаду худо...

Сабаги Хочаи Аълоги.
Ман имруз хам хайрон хастам,хам саргардон ва хам сарвайрон.О ин хукуматдорони мо ба тамоми чахон дод задандки як вачаб заминамонро ба бегонагон намедихем ин дар холестки имруз аз киргиз илтимосу илтичо мекунемки ба мо аз замини бобоии худамон РОХ дихед.Ин рохи Бодканнд-Кук-тош-Тамдык кисман дар заминхои бахси ва кисман дар заминхои Хочаи Аъло сохта мешавад пас барои чи ХУКУМАТИ МО наметавонад бо пешниходи хучаттхои зарури сохтани ин рох ро МАНЪ кунад.??Замине,ки имруз киргизхо рох месозанд дах сол аз ин пештар замини точикон буд.Мо дар ин мавзеъхо говчаррони мекардем ва хезумчини мекардем.Аммо силохдорони киргиз бо хар гуна тахдид сархадбонхояшонро ба ончо гузоштанду заминро азони худ карданд.гуфтан ба маврид аст,ки айнан ана дар хамин мавзеъ чанд соле кабл сархадбонхои кирги з як чавони Чоркухиро ба катл расонида буданд.Имруз бошад ХУКУМАТИ МО ин заминхоро БАХСИ мешумораду хукумати киргиз азони худ мешуморад.Мо низ тарафтори чанг нестем.Мо низ мехохем,ки ин проблема бо тарики сулху гуфтушунид хал шавад,аммо ба хотири сулху дусти ХУКУМАТИ МО на бояд хамавакт ин масъаларо ба фоидаи киргиз хал намояд!! Мо бояд аз хатогии Иззатуллох Хаёев ибрат бигирем. Соли 1989 у низ ба хотири ДУСТИ 350 га заминро ба киргиз ХАДЯ карда буд ана меваи ин ХАДЯ ро имруз мо мечашем!!
ХУКУМАТДОРОН аз шумо хохиш: БА ИН МАСЪАЛАИ МУХИМ ТОЧИКОНА НАЗАР АНДОЗЕД,ЗЕРО ДАР СУРАТИ ХАТО РАФТАНАТОН ТАЪРИХ ВА ТАМОМИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ШУМОРО НАМЕБАХШАД ВА НАХОХАД БАХШИД!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)