Умеда Ахмедова ва писараш дар банди пулиси Тошканд
Умеда Ахмедова, аккоси шинохтаи узбак, ҳамроҳи писараш - Темур Карпов, ки ҳарду кормандони расонаи русии “Лента.ру” мебошанд, аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Тошканд боздошт шудаанд.
Олег Карпов, ҳамсари Ахмедова мегӯяд, шоми 29 январ чанд тан аз кормандони пулис ба манзили зисти эшон ҳозир шуда, бидуни шарҳ онҳоро барои бозпурсӣ ба Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд бурдаанд. Ба гуфтаи Карпов, ҳанӯз маълум нест, хонум Ахмедова ҳамроҳи писараш ҳамчун шоҳид ё шахси гумонбар ба шуъбаи корҳои дохили бурда шудаанд.
“Танҳо ҳаминро медонем, ки онҳоро аз Раёсат ба шуъбаи корҳои дохилии Ҳамза интиқол додаанд”,-гуфтааст ӯ. Олег Карпов бар ин бовар аст, ки сабаби аслии боздошти хонум Ахмедова ҳамроҳи писараш тазоҳуроти 27 январи соли ҷорӣ, ки ба ҷонибдории Евромайдони Украина дар Тошканд баргузор шуда буд, мебошад. Ӯ гуфт, ҳамсару писараш дар ин тазоҳурот низ аз сӯи пулис боздошт шуда буданд.
Ҳамсари аккоси узбак илова дорад, чанд тан аз дӯстони онҳо, ки дар тазоҳуроти мазкур ширкат намуда буданд, ҳоло ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳанд: “Шояд онҳо низ боздошт шуда бошанд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |