Бахшҳо
30 янв 2014 10:18Тоҷикистон / Акс

Нашри аксҳои Зарифӣ дар оғӯши табиат баъд аз вазирияш

Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран дар саҳифаи фейсбукаш аксҳоеро гузоштааст, ки қаблан дастраси расонаҳо набуд. Зоҳиран ин аксҳоро ҷаноби Зарифӣ замони вазири корҳои хориҷӣ буданаш ва дар сафарҳо ба кишварҳои хориҷ бардоштааст.

Барои мисол, дар як аксаш ба кенгуру кадом як ғизо медиҳад. Дар шарҳи ин акс ҷаноби Зарифӣ маълумоти мухтасаре дар мавриди Австралия додаву менависад, ки ин кишвар бештар бо “одамони меҳрубон ва кенгуру” дар хотирҳо нақш мебандад. “Кенгуру барои он рамзи Австралия интихоб шудааст, ки онҳо ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунанд”,-менависад вазири собиқ.

Зарифӣ дар охири ин шарҳ менависад, ӯро бештар аз ҳама ҳамватанони дар Австралия зиндагӣ мекардаи мо хурсанд кардааст: “Онҳо тоҷирони муваффақ, шаҳрвандони меҳнатдӯст ва умуман ашхоси хушнуд ҳастанд. Ба онҳо барори кор ва хушбахтӣ мехоҳам!”

Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки соли 2006 дар курсии вазири умури хориҷии Тоҷикистон такя зада буд, рӯзи 29 ноябри соли 2013 аз мақомаш барканор ва Сироҷиддин Аслов ба ҷои ӯ таъин гардид. Оқои Зарифӣ то ҳоло мансабе надорад. Вай ба курсии вазири умури хориҷӣ аз сафирии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида омада, бештар бо номи “одами Амрико” маъруф буд. Зарифии 65-сола ҳангоми ба Чин додани як қитъа замини баҳсӣ мавриди интиқоди шадиди расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифта, иддае ҳатто истеъфои ӯро хоста буданд.

Бар илова ба назар мерасад, Ҳамрохон Зарифӣ худаш низ ба аксбардорӣ завқ дорад ва бештар сурат гирифтани табиатро дӯст медорад. Ҳоло чанд акс аз саҳифаи расмии ӯро пешниҳоди шумо мекунем.


Нашри аксҳои Зарифӣ дар оғӯши табиат баъд аз вазирияш

Нашри аксҳои Зарифӣ дар оғӯши табиат баъд аз вазирияш

Нашри аксҳои Зарифӣ дар оғӯши табиат баъд аз вазирияш

Нашри аксҳои Зарифӣ дар оғӯши табиат баъд аз вазирияш

Нашри аксҳои Зарифӣ дар оғӯши табиат баъд аз вазирияш


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
saodat
ин вазир аник аст ки дар вакти кораш факат ба айшу ишрату сайру саехат машгул буд

ОСИ
Мо андо месупорему шумобошед онро бемантикона сарф мекунед ВАИРОНи
суратгир

инсоф
зарифи дар вакти рохбариш барои милат мехнати бисер кардаст ин тутича ошат шавад ин хам рамзи дусти хаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)