Бахшҳо

Мулоқоти Муродалӣ Алимардон бо Тоқон Мамитов дар "Ала-Арча"

Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон, дар садри як ҳайат рӯзи 30 январ ба Бишкек рафта, бо Тоқон Мамитов, ҳамтои қирғизаш, баҳси марзӣ миёни ду кишвари ҳамсояро ба баррасӣ гирифтааст. Сафари оқои Алимардон ба Бишкекро Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии ниҳодаш тасдиқ кард ва гуфт, хулосаи худро баъд аз натиҷаи гуфтушунид хоҳанд гуфт.

Талаби роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух. Ба ивази чӣ?

Гуфтушуниди Алимардон бо Мамитов баъд аз мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара сурат мегирад, ки бидуни имзои кадом санаде шоми 29 январ ба поён расид. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, музокироти муовинони нахуствазири ду кишвари ҳамсоя дар қароргоҳи ҳукуматӣ дар Ала-Арча баргузор шуда, ба низом овардани вазъ ва коҳиш додани нерӯҳо дар хатти марз аз мавзӯъҳои баҳси онҳост.

Оҷонси иттилооти миллии "Ховар" бо нашри хабаре гуфтааст, ба ҳайати Тоҷикистон як қатор аъзои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шомиланд. "Ҷониби Тоҷикистонро, ҳамчунин Котиби Шӯрои амният ва ёрдамчии президент доир ба масоили амнияти миллӣ намояндагӣ мекунанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили умдаи муносиботи дуҷониба ва роҳҳои коҳиш додани шиддатро, ки бар асари ҳодисаи марзии рӯзи 11 январи соли 2014 рухдода ба миён омадааст, баррасӣ мекунанд",-навиштааст ин Оҷонсии иттилоотӣ.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд. Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар пайи идомаи сохмтони роҳи алтернативии Қирғизистон, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, даргирӣ миёни марзбонҳои ду кишвар сурат гирифт, ки дар пай ҳашт захмӣ боқӣ гузошт.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин баҳс паст наомада, марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафири худро аз Душанбе барои “мушовара” ба Бишкек хонду марзбнҳои тоҷикро дар сар задани ин ҳодиса муттаҳам кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)