Номаи ронандагон ба мақомоти қирғиз: "Марзро дар ҳолати ҷанг мебанданд"

Ҳудуди 600 ронандаи тоҷику қирғиз ва эронию турк, ки дар марзи бастаи Қирғизистон бо Тоҷикистон дармондаанд, аз мақомоти қирғиз хостаанд, ҳарчӣ зудтар гузаргоҳҳои “Қарамиқ”, “Қизил бел”, “Қайрагач”, “Кулунду”-ро кушоянду ба азияти мардуми одӣ хотима бахшанд.
Ронандаҳо дар мактуби муштаракашон аз ҳукуматдорони қирғиз хостаанд, дар ҳалли таниши марзӣ аз гуфтушунид кор бигиранд, на аз марзбандӣ, ки барои мардуми одӣ мушкилоти зиёдеро эҷод намудааст: “Марз одатан дар ҳолатҳои ҷанг баста мешавад, ки он на ба тоҷикону на қирғизҳо даркор аст.”
Ронандаҳои дармонда ба мансабдорони қирғиз ёдрас кардаанд, ки дар ҳоле онҳо ба курсиҳои нарм такя зада, ҳар бегоҳ назди оилаҳояшон бармегарданд, дар пушти марзҳои бастаашон садҳо ронанда дар ғарибӣ, дар сармо, бе ғизои хубу шароити лозимаи санитарӣ ду ҳафта боз азият мекашанд: “Ҳамин ҳоли моро ба назар гирифта, аз Шумо хоҳиш мекунем, ҳарчӣ зудтар марзро кушоед.”
Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки Бишкек дар пайи тирпаронии 11 январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз гузаргоҳҳояшро ба Тоҷикистон баст ва дар натиҷа аз ду тараф садҳо мошин дар марз ҷамъ омадаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |