Бахшҳо
30 янв 2014 15:22Тоҷикистон / Сиёсат

Генерал Шоҳ Искандаров нагуфт, дар Исфара аст, ё ҷои дигар

Генерал Шоҳ Искандаров, раиси Идораи пулиси ноҳияи Турсунзода ва аз размандагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), рӯзи 30 январ дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Озодагон” ҳузураш дар Исфара, ҳаммарз бо Бодкандро, тасдиқ ё такзиб накард. Ӯ танҳо гуфт, "посухи ин суол дар ихтиёри мо нест".

Ин дар ҳолест, ки 29 январ Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз ҳузури генерал Шоҳ Искандаров ва нерӯҳояш дар Исфара изҳори нигаронӣ карда, ба Душанбе нота ё номаи эътирозӣ фиристодааст. Ин нотаи чоруми Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар пайи тирпаронии 11 январ ба Тоҷикистон аст.

Дар як ҳафтаи охир бисёре аз расонаҳои русӣ ва қирғизӣ дар бораи пайдо шудани нерӯҳои Шоҳ Искандаров, аз собиқ размандагони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиюни Тоҷик ва ҳоло раиси Идораи пулиси ноҳияи Турсунзода дар Исфара хабар доданд. То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин замина изҳори назар накарда, ҳузури Шоҳ Искандаров дар марз бо Қирғизистонро рад ё тасдиқ нанамудаанд. Вале Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ин хабарро дуруст дониста ва гуфтаст, Шоҳ Искандаров дар марз бо Бодканд қарор дорад ва ин боиси нигаронии онҳост.

Номи Шоҳ Искандаров соли 2010 дар пайи даргирии нерӯҳои давлатӣ бо мухолифони собиқи мусаллаҳ дар Рашт вирди забонҳо шуд. Баъдан, тобистони соли 2012, ӯ дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ низ иштирок карда, тирамоҳи соли гузашта унвони генералиро соҳиб шуд. Дар пайи тағйироти ахири кадрӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон раҳбари Идораи пулиси Турсунзода таъин гардид.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чамик
Еее товбае. Дига дар Точикистони худамон нагардем. И киргизо гузаронданд ку. Хайр чи инхам щахрванди Точикистонай, дар ватани худамон гаштанмон намемона. Оли и яктараф иста даркор шава хамаи шахрвандои Точикистон дар назди марз чам мешем. Мо хукук надорем? Ё, ки ай и шери нар сахт метарсанд?

Барзу
Ин Шох Искандар гарчанде як вактхо опозитсионер буд локин ин аз ин кор суистифода намуда бисёр чавонони бегунохро дар н Тавилдара ва водии Рашт кушт. Мисли Кодир писталет.

Агар мо дар маври ди марз бо киргизхо гузашт намоем ин гувохи он хохад буд ки барои мо ин марзу бум азиз ва мукаддас нест ва баъди гуфтушунид бо киргизхо Узбакистон садо баланд хохад кард. Якбор масоили марзи бо Чин обрую манзалати моро коста гардонид бас аст.
Мо аз натичаи сафархои бисйорчонибаи огои Алимардонв ба Бишкек ба ягон натича нарасидем ва он ба мардум ва ВАО рушан нест. Хуб мебуд агар бачои Алимардонов дигар намоянда мерафт. Бояд гузашт набояд кард ин як порчаи кухистоне ки номаш Точикистон аст мероси гузаштагони мост ки бар мо точикон расидааст. Инро набояд дод ва набояд фурухт ки ояндагон ба мо нафрат хоханд кард хамчун нафрати писар ба падари бад ва бадахлок.... Озодагон эхтироми мо ба ту кавист

Шери нари точик. Садкаи гуруру чавонмардият шавем. Худо хамеша ШЕР мони.

Наход дар Точикистон ягон инсони бо тачрибаву кор дон набошад ин Алимардонов сохибкор фермер мебошад забони сархаду чангу чидола намедонад факат як чиза медонад даромад,пул,харочот.

точик
Ин кадар гуфтушуниди бе фоида, як бор пайдоиши Шох душманро ба ларза даровардааст. Ана хамин хел чавонмардонро вазиру вазифа додан даркор ки номашон бас аст. Ин тудаи тарсончакхои чамшударо пеш кунед.

Дуруст мегуянд, вокеан хам дар ин рузхои халкунанда рохбарии хайатро каси дар сохаи дипломатия ё марзу харбиву сиёсат бохабар ба ухда мегирифт. Шояд дар замони ороми Алимардон хамчун "почетный" рохбари хайат ба хучччатхои хамкори имзо мекард, лекин имруз масъалахои нангу номуси миллат ва такдирсоз халлу фасл мешаванд.Бинобар ин шахси тачрибадоре лозим буд, лек афсус, чун хамеша мо дурандеш нестем. Бо Токон Мамитови генерал баробар бахс кардан осон нест...
Бехуда нест, ки киргизхо имруз "мо галаба кардем!" гуён садо баланд мекунанд. Бо Алимардону Ш.Хайруллоев дур намеравем.......

Масаларо бинед...
Салом
Ман аслан маҳалчи нестам, аммо чаро ҳукумат ҳамон нафароне ки дар дастгир кардани Алии Бедак иштирок карда буданд ба маҳалли ҷанг равон намекунад. Худро бачаҳои Балҷувон гуфта таъриф мекарданд мо инхелу мо онхел. Хайр равон кунед ҳамон бачаҳои Балҷувони таърифиро то ки рафта марзро нигоҳу бин кунанд.
Шоҳро ҳукумат ҳамчун як инструмент истифода мебарад. Бояд ки ҳукумат монанди Шоҳ Искандаров ҳазорҳо Шоҳи дигар дошта бошад ки дар ҳар майдони ҷангу набард голиб ва шикастнопазир бошанд. Чи даркор хамаро звани генерал додан? дар холате ки 99%-ашон буздилу бегайратанд.

бе кух
ин сояи шер аст холо шер наомада аст!

исфараги
ин щох искандар душмани худоро камтар тарихи пештараашро назар кунед кихоро кушта аст

Офарин!Ин қирғизҳо ҳоло аз новми ин генерал ин қадар дар воҳима афтодаанд.Агар Тоҷикистон бо ин овозаю воҳимаҳояш шартҳои қирғизро қабул намояд,мурдан беҳтар аст!Дирӯз ба Чин доданд,имрӯз ба қирғиз фардо ба узбак?Агар ҳукумат аз уҳдаи ин кор набарояд,бигзор халқро ба ҳолаш гузорад,халқ худаш ҳал мекунад.

спитамен
Бо Токон Мамитови генерал бояд Шох генерал гуфтушунид кунад на каси дигар. Алимардон дар ин хел чойхо намешавад. Натичаи гутушунидаш ба хама маьлум аст.

кухистони
Алимардонов акалан як бор омада марзро надид ё аз ахволи мардум напурсид.Аз чониби киргиз Мамитов борхо омад. Хаволатонро ба Худо месупорем рохбарон

Раджаб
Овозаи рустам бех аз рустам

Халолат бод !Халолат бод рутбаи генералиат!Рости шунидани ин хабар бисёр хурсанд шудам!Бародарон шумо ахамият додед,агар ин шахси одди мешуд киргизхо наметарсиданд ин кадар !!!Бовари дорам дипломатияи мо корро ба хуби хал мекунанд факат ба манфиати ин халку ватан ва аз онхо хохиш мекунам ки гузашт накунанд чунки мо бо рохи силох хам метавонем корро хал кунем!Киргизхо халки тарсу хастанду чангро надидаанд.Озодагон озод боши чоп кун!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)