Бахшҳо
01 фев 2014 12:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Даҳҳо миллион қарзро кӣ бори мардум кард? Ишора ба “боло”

Сафинаи МАҲМАДАМИН

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ки сомонаи расмияшро аз боздошту муҷозоти муаллиму духтур барои гирифтани чандсад сомонӣ пора пур намудааст, то ҳол аз ҷазо гирифтани масъулини энергетика, ки даҳҳо миллион сомонӣ қарзро беасос бори мардум кардаанд, хабаре надодааст.

Ин ниҳод ниҳоят баъди навиштаҳои зиёди расонаҳо оиди беасос будани садҳо миллион сомонӣ, ки гӯиё мардум аз барқ қарздоранд, дар шабакаҳои барқи Душанбе санҷиш гузаронда, муайян намудааст, ки воқеан масъулини энергетика мардуми одии кишварро беасос қарздор кардаанд. Аз ҷумла, дар асл қарзи муштариёни барқ дар шаҳри Душанбе то 1 апрели соли 2013 ҳудуди 62,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо масъулини шабакаҳои барқи Душанбе дар ҳисоботҳои муҳосибияшон онро 120,6 миллион сомонӣ нишон додаанд. Қариб 60 миллион сомонӣ аз куҷо пайдо шуду ба куҷо рафтаст, номаълум...

Ин танҳо дар шаҳри Душанбе аст, ки ҳамаи муштариён ҳисобкунаки барқӣ доранду имкони фиреб карданашон камтар аст, ё умуман фиреб кардан имкон надорад. Бармеояд дар дигар минтақаҳои кишвар, ки ҳисобкунак надоранд, ҳаҷми фиребкориҳо ба маротиб зиёд аст.

Тибқи иттилои худи ширкати “Барқи тоҷик” аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми марти соли 2013 аз барқ 355,5 миллионсомонӣ қарздор мебошанд, ки ин ба ҳисоби миёна сари ҳар муштарӣ дар миёни мардум ҳудуди 400 сомониро ташкил медиҳад.

Аммо пайдо кардани муштариёне, ки дар ин ҳаҷм қарздоранд, хеле мушкил аст, зеро мардум аз тарси қатъи барқ, ки дар шаҳрҳо манбаи ягонаи таъмини гармию рушноӣ аст, ҳаққи онро пеш аз ҳама мепардозанд.

Набиева Муниса, як сокини пойтахт, мегӯяд, сари вақт маблағи барқро пардохт мекунад: “Агар ҳаққи барқро як моҳ дертар супорем, нозирҳодарҳол симро мебуранд. Барои ин мо ҳаққи барқро мепардозем, чун газ нест ва тамоми корамон тариқи барқ сурат мегирад. Хонаро ҳам бо барқ гарм мекунем, хӯрокро мепазем ваҳатто рубучину шустушӯямон бо истифодаи барқ суратмегирад. Пули мегуфтагии нозиронро сари вақт месупорем. Худамон ҳисобаш намекунем, ақламон намегирад.”

Мавҷуда Алиева, сокини дигари Душанбе низ бо таъйиди ин гуфтаҳо, афзуд, ки дар бисёри мавридҳо, вақте нозирони барқ, соҳибони хонаҳоро сари вақт пайдо намекунанд, бе огоҳии пешакӣ қувваи барқро хомӯш мекунад: “Ин амал боиси аз кор баромадани асбобҳои рӯзгор, хусусан, яхдонҳо мегардад.”

Аммо Интизор Саидов, нозири барқ дар Душанбе назари дигардорад. Саидов аз гурези муштариён шикоят карда, таъкид намуд, “ҳолатҳое ҳам рух додааст,ки ҳатто дари хонаҳояшонро боз намекунанд. Мо ӯҳдадорем то 3 маротиба ба хонаҳояшон равем,аммо баъд бе ягон ҷангу ҷидол барқро хомӯш мекунем. Дар ин ҳолатҳо ҳастанд шаҳрвандоне, ки моро хуб қабул намекунанд, аммо агар хуб андеша кунанд, мо гуноҳ надорем. Ҳар чӣ қонун талаб кунад, мо ҳамонро иҷро мекунем.”

Ба он, ки нозирони барқ қонунро пешаи фаъолияташон қарор медиҳанд, ҳатто худи мудирияти “Барқи тоҷик” бовар надорад. Абдулло Ёров, собиқ раиси “Барқи тоҷик”, ки тобистони соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод, қаблан дасти нопоки нозирони барқро сарчашмаи ҳама гуна мушкилоти молию вазъи бади ҷамъоварии маблағ аз мардум арзёбӣ карда буд.

Бархе нозирон аз мардум маблағро ҷамъоварӣ мекунанд, аммо на ҳамаашро ба хазина месупоранд. Аз ҷумла, ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи тафтишот алайҳи як нозири барқ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки аз 620 муштарӣ ба миқдори 49 ҳазору 101-сомонӣ ҳаққи барқро ҷамъ намуда, аз ин миқдор 44 ҳазору 883-сомониро ба хазина супорида, боқимонда 4 ҳазору 218-сомониашро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.

Дар робита ба фиребкории нозирон Нодир Иброҳимзода, сокини Душанбе мегӯяд, хати барқи нозирро, ки 14-уми январ оварда шудааст, бо нишондодҳои ҳисобкунакаш муқоиса намуд ва дарёфт, ки нозири барқ бар хилофи нишондодҳои ҳисобкунакаш наздики 5 ҳазор киловатро барзиёд ба дӯши ӯ бор кардааст. Феълан, ҳар киловат қувваи барқ ба мардум бо арзиши 11 дирам фурӯхта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз нозирон розӣ нестанд, ки тамоми бадбахтиҳои энергетикаи Тоҷикистонро ба дӯши онҳо мезананд. Як масъул, ки дар дохили низоми энергетика кор мекунаду нахост, аз ӯ ном бурда, шавад, гуфт: “Нозирон дар низоми энергетикаи кишвар оҷизтарин нафаронанд. Дуруст аст, ки баъзан ба фиребкорӣ роҳ медиҳанд, аммо аз он танҳо қисми камаш ба кисаи худашон меравад. Боқимонда ба мақомоти болотар равона мешавад, зеро бе ҳимоят дар боло фиребкорҳо оянда надоранд.”

Ин аст, ки мардум феълан аз мақомоти тафтишотӣ назорати пурзӯртари низоми энергетика ва муҷозоти дастандаркоронро интизоранд. Аммо мақомот ба ҷои ислоҳи ин камбудиҳо роҳи дигари беҳтар намудани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик”-ро пеш гирифтаанд. Онҳо эълон карданд, ки ояндаи наздик нархи барқ дар кишвар боло меравад.
Мӯҳр
кувати ки мерасад ба раиси ширкати барки точик тохол пишаки онхоро касе пиш гуфта наметавонад чизе хоханд мекунанд

Ба фикри ман хамаи бадбахтихои энергетикии Точикистон аз дасти хамин нозиронанд. Дар баъзе кучахои ш. Душабе кисми хонахо бо хисобкунакхо таъминанд кисми дигар не. Бааъзе сокинони хонахо аз симчуби куча ба хонахояшон сими барк гузаронидаанд. Ва инро хама мебинанд, вале нозирони барк бошанд тамоман эътибор намедиханд. (чунки онхо аз ин хонахо манфиате доранд) Дар натича тез тез тр-рхо аз кор мебароянд. Агар ягон тафтиш хам шавад факат хонахое, ки сари вакт пулро месупоранд хамонхоро зери тафтиш карор медиханд. Илтимос масъулини соха хусусан дар фасли зимистон хар мох 2-3 маротибаги рейд гузаронед. Бовар кунед бучаи чумхури бо ин рох хеле гани гардонида мешавад.

А 420
Хамин Кулоба омада санчед аз Душанбе ё аз Кургонтеппа намоянда биёяд бехтар. Коррупсияи Кулоб бо барқ якҷо обеду бегоҳанд.
Бовари нест, ки камбудиҳоро ошкор намоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)