Маҳастии ДӮСТМУРОД
Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ шумори фейкҳо (fake – қалбакӣ, дурӯғин), ба мисли Насиба Қосимоваю Ватандӯсту дигаро, зиёд гардидаанд. Баъзан, ин “муштариёни номаълум” дар платформаҳои гуногуни шабакаи иҷтимоии Facebook маълумоти таҳқиромез дар бораи сиёсатмадорон, рӯзноманигорони мустақил ва роҳбарони мухолифин пахш мекунанд.
Ин ашхоси ба истилоҳ “фейк” ба манфиати кӣ фаъолият доранд? Оё кори онҳо маблағузорӣ мешавад? Агар маблағгузорӣ шавад, аз кадом ҳисоб? Ҳадафи онҳо чист? Хабарнигори “Озодагон” посухи ин суолҳоро аз чанд хабарнигору коршинос пурсид, ки хулосаи он пешкаши Шумо мешавад.
Олга ТУТУБАЛИНА, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”:
“Зиёд шудани теъдоди фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ матавонад бар пояи сабабҳои гуногун ба вуҷуд биёяд. Албатта, ин пӯшида нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, паси чеҳраи фейкҳо, намояндагони мақомот фаъолият мекунанд. Инчунин аз номи сиёсатмадорон, рӯзноманигорони мустақил ва занҳои хонашин саҳифа кушода, маълумоти гуногун дар платформаҳо ва тариқи почтаи электронӣ пахш мекунанд. Ба фикрам ин табиист, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар кас мувофиқи хости худ истифода мебарад”.
Адҳам МИРСАИДОВ, роҳбари “Созандагони Ватан”-и ҲХДТ:
“Шабакаҳои иҷтимоии интеретӣ майдони боз барои баёни фикр аст. Дар майдонҳои кушод бошад, ҳар кас фикри шахсии худро баён мекунад – ин фейк аст ё шахси воқеӣ.”
Раҷаби МИРЗО, раҳбари Маркази назарсанҷии “Бозтоб”:
“Фейкҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет маълумоти гуногун пахш мекунанд, трайлерҳо ном доранд. Трайлерҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) шахсони алоҳида тайёркардаи амният; 2) трайлерҳои корозмуда. Трайлерҳои касбӣ беист кор мекунанд ва барои фаъолияти худ пули зиёд мегиранд. Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ трайлерҳое барои поймол кардани шаъну шарафи сиёсатмадорони мухолиф ва симоҳои машҳури ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият мебаранд, ки профессионал нестанд ва чи тавре, ки Бег Зуҳуров гуфта буд, танҳо “ватандӯст” мебошанд. Постҳо ва ҷавобияҳову маълумоти шахсии симоҳои машҳури ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки трайлерҳо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пахш мекунанд, ҳуҷуми психологӣ мебошанд, ки ба манфиати шахсҳои паси экрани компютерӣ анҷом мешавад”.
Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, роҳбари созмони “Перспектива +”:
“Се-чор сол пеш, аз сабабе ки муштариёни шабакаҳои иҷтимоӣ на он қадар хуб фарқ мекарданд, ки кӣ чи аст, одамоне ки сабти ном шудаанд фиреб мехӯрданд аз дӯсти бо ин гуна муштариёни фейсбук. Имрӯз бошад, дар давоми солҳо, аз таҳлилҳои гузаронида ҳама медонанд, ки он фейкҳои дар дӯстӣ будаашон, бо ному насаби сохта бо онҳо муошират мекунанд. Бархе аз фейкҳо аз органҳои махсус низ мебошанд, аммо аз фаъолияти онҳо ба касе манфиат намерасад. Ба наздикӣ аз номи худи ман, дар Фейсбук навиштаанд, ки: “Як ваҷаб хоки Тоҷикистонро ман ба ҳеҷ кас намедиҳам, агар лозим бошад мо занҳо яроқ мегирем ва меҷангем.” Аммо ман ҳеч гоҳ аз яроқ сӯҳбат накардаам ва намекунам. Ин амали фейкҳо монанди як мушт ба ҳаво мебошад. Таъсире ва фоидае надорад. Беҳтарин чиз ин аҳамият надодан ба он навиштаҳои фейкҳо аст.”
Абдуқаюми ҚАЮМЗОД, дабири нашрияи “Ҳафта”:
“Он фейкҳое, ки барои як нафарро назди мардум паст задан, таҳқир мекунанд ва дашном медиҳанд, кори хубе нест. Мо ҳаргиз наметавонем, гӯем, ки аз тарафи кӣ ва чӣ маблағгузорӣ мешаванд ва далеле низ надорем, то гӯем, ки ин фейкҳо коргарони амниятӣ мебошанд. Ҳар он чизе ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз номи шахси номаълум паҳн мешавад, ба номаҳои беимзои замони Шӯравӣ монанданд. Ҳадафи ин ҳама паст задани шаъну шарафи як шахс дар ҷамъият асту бас.”