Бахшҳо
04 фев 2014 12:16Тоҷикистон / Иқтисодӣ

1 000 сомонии Убайдуллоев ба кӯчарӯбони пойтахт

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, тайи як ҷаласа аз ҳамаи онҳое, ки дар тоза кардани роҳҳои пойтахт аз барф саҳм гирифтаанд, бахусус занҳои кӯчарӯб, сипосгузорӣ намудааст. Вай гуфта, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳар кадоме аз онҳо кумаки якдафъаина ба ҳисоби 1000 сомонӣ таъин карда шавад.

Бар иловаи ин, шаҳрдори Душанбе масъулони ҳукумати пойтахтро вазифадор кардааст, то ҷаласаи навбатӣ тарҳи илова ба маоши кӯчарӯбон ҳар сол дар моҳҳои декабр, январ ва февралро омода кунанд. Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, 700 сомонии ин пули иловагӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ ва 300 сомонӣ аз ҳисоби ҳукумати ноҳияҳо пардохта хоҳад шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин хеле кумаки бехтарин мебошад ин коре занхо мекунанд хеле мушкил аст ин занхо хама аз оилахои камбизоато мебошанд хеле дастгирии оличаноб.Сипосгузорем аз раиси шахр!...

Саид
Рузимахмад,
Аз хамин занхо сипосгузор бош ки каме хам бошад ба мардуми шахр хизмат мекунанд.

Сокини пойтахт
Махмадсаид Убайдуллоев мард буданд ва мард мемонанд.

Ягона қишр, ягона гуруҳи одамон, ки дар Тоҷикистон хусусан дар Душанбе кор мекунанд ва нонашонро ҳалол карда мехуранд, ҳамин занакои кучарубанд. Онҳо ба ҷои трактору мошину спетстехника ҳам кор мекунанд. Офарин модарону хоҳарони меҳнаткаши ман!

Точиддин
кори бехтарин худо аз ин дида ба обуруи балантар Худо расонд раиси шахрро

Рахмати калон, мухтарам Мири шахр, Чаноби Убайдуллоев. Бе шумо ба фикрам ин шахр за хама кору бор мемонад.Мефахмем, бисьер мушкил, кор кардан бо як хел одамхои навбаромад!

Ветеран
Ба ин занхо унвони кахрамон додан лозим. Мансабдорон аз ин занхо ватандустию хизмат ба халку ватанро омузед. Ба онхо нигох карда дар ин рузхо, блокадаи Ленингради соли 1943 ба хотир меояд. Инхо ба фикрам нимсеру нимгуруснаанд. Аз Шумо то осмон миннатдорем, зинда бошед , бе Шумо мо хорузорем модарони азизу мехрубон. Раиси шахр онхоро дастгири кунед , Худо Шуморо дастгири мекунад.

Восеъ
Хазор рахмат акои Махмадсаид!Рохбари кордон хасти!

Чихел дастгири, ғамхури ва дилгармии беҳтарин аз тарафи ҷаноби Маҳмасаид Убайдуллоев пешниҳод гаштааст, дар ин рӯзҳои сард дастгирии Шуморо ин занҳои меҳнаткаш ҳеҷ вақт фаромуш нахоҳад кард.

Комрон
Худо гузаштагонатро раҳмату мағфират кунад мӯҳтарам Убайдуллоев М. бо ин кори ҷавонмардонаат. Кош дар Ҳукумати имруза монанди Шумо ақалан як нафари дигар мешуд.

патриот
Акаи Махмадсаид зинда боши, ягона масабдоре хасти ки халк хурмату эхтиромат мекунанд. Аз номи камбагалон рахмат ба Шумо ва ахли оилаатон. Фарзандони хуб тарбия кардаед. Ин хакикат аст.

Акаи Махмадсаид зинда боши, ягона масабдоре хасти ки халк хурмату эхтиромат мекунанд. Аз номи камбагалон рахмат ба Шумо ва ахли оилаатон. Фарзандони хуб тарбия кардаед. Ин хакикат аст.

Номдор
Офарин Убайдуллоем М кори бехтарин дар хаки ин модарон.

Рохбар
Бояд маоши хармохаи ин модарону хохарон 1000 сомони бошад. Маоши вакилонро, ки одатан чуз нишастан дар курсихои парлумон ва чойкават кардан кори дигар намекунанд, кам карда шуда, аз ин хисоб маоши ин кучарубхо ба 1000 сомони бардошта шавад. Сангинтарин корро имруз хаминхо мекунанд.

тч
Бехтарин мард Махмадсаид Убайдуллоев Худо аз ин мард рози бошад. Шахси кордон асти раиси мухтарам.

Хуршед
дар хакикат марди ватану миллатхудованд хамавакт саломат ва нигохбони [b]Точикистониён[center][/center]] боши .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)