Бахшҳо

Вогузории ҳалли баҳсҳои марзӣ ба уҳдаи Хайруллоев, Зокиров ва Асоев

Се гуруҳи кории махсус аз Душанбеву Бишкек, ки дар пайи тавофуқи рӯзи 31 январи Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш -- Тоқон Мамитов ташкил шуда буд, 5 феврал ҷаласаи нахустинашро дар Исфара баргузор кард. Ин гуруҳҳо барои баррасии масоили марзӣ таъсис ёфта, кори худро аз Хоҷаи Аъло, маҳалли тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз, шурӯъ намудаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, “аз ҷониби Душанбе гуруҳи корӣ оид ба масоили низомию марзро Шералӣ Хайруллоев, мушовири раисиҷумҳур оид ба амният, гуруҳи корӣ оид ба мушаххас ва аломатгузории марзро Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва гуруҳи корӣ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ доранд.”

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид мекунад, сар аз имрӯз ин се гуруҳи корӣ ба ҳалли масоили ба онҳо вогузоршуда пардохта, изҳори боварӣ намудааст, ки тамоми танишҳо бо Қирғизистон дар фазои якдигарфаҳмӣ ҳал хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо баъд аз муайян кардани он ки тирпаронии 11 январ нахуст аз тарафи кӣ сурат гирифтааст, ба ҳалли масоили дигаре чун додани роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло ба Ворух тавассути Қирғизистон ва идомаи сохтмони баҳбарангези роҳи Кӯтош-Оқсой-Тамдиқ хоҳанд пардохт.

Мавзӯи талаби Тоҷикистон аз Қирғизистон дар бораи гирифтани роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух ва дар ивазаш иҷозаи сохтмони роҳи баҳсбарангези Қирғизистон охирҳои моҳи январ баъд аз анҷоми нишасти ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар Исфара садо дод. Оё ин мавзӯъ баъдан дар сӯҳбати Муродалӣ Алимрадон бо Тоқон Мамитов дар Бишкек баррасӣ шудааст, ё не, то ҳол маълум нест. Чаро ки ҷонибҳо ба ҷуз имзои як протокол ҷузъиёти дигари ин музокиротро расонаӣ накарданд.

Вале Мамитов субҳи 31 январ Тоқон дар сӯҳбат бо хабарнигорони қирғиз эълон карда буд, ки Душанбе мухолифи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ нест. Ба қавли Тоқон Мамитов, “мо ин мавзӯъро бо ҳайати Тоҷикистон дар миён гузоштем ва Муродалӣ Алимардон гуфт, Тоҷикистон мухолифи сохтмони ин роҳ нест.” Аммо оқои Мамитов аз шарҳи тирпаронии 11 январ дар марз худдорӣ карда ва ҳам нагуфтааст, ки Тоҷикистон бар ивази чӣ талабе ба идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез ризоият додааст.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд. Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар пайи идомаи сохмтони роҳи алтернативии Қирғизистон, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, даргирӣ миёни марзбонҳои ду кишвар сурат гирифт, ки дар пай ҳашт захмӣ боқӣ гузошт.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин баҳс паст наомада, марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафири худро аз Душанбе барои “мушовара” ба Бишкек хонду марзбнҳои тоҷикро дар сар задани ин ҳодиса муттаҳам кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Изхор
ХУШДОРИ СОХИБВАТАН!: Холо бинед бачахо гурухи кории точиконро фиреб дода Киргизо ба манфиати худ хал мекунанд, бад нафароне дар гурухи кори буда бурди дипломатия гуфта мегарданд.

Ворухи
Аз хама кандидати бехтарин барои гуфтушунид хамин Шох Искандаров буд, ки бояд Мирзохуча уро хамрохи мекард. Холи танхо баъди пайдо шудани ин мардон ба чони киргиз тарс афтода буд, бояд ин ду нафар ба кавли мардум разбора ба фоидаи мо хал мекарданд. Бародарон киргиз мардум забони дустиро намебардорад - танхо намоиши зури метавонда онхоро мачбур созад, ки бо мо созиш кунанд...

Ба гуфти мардуми ТОЧИК "ХАЙФИ ЧУБИ ТАКЯИ ДЕВОРИ КАЧ", оё и генерали сохта бо кадом "махораташ" казияи сохтаи марзро хал мекарда бошад, на тачрибаи кумандона дораду на чанги, НАХОД ИН МИЛЛАТ ДИГАР СОХИБ НАДОШТА БОШАД ? САД АФСУС !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

чоп кунед ! ин гап бози нест !

Дуруст мегуи Сохибватан. Охир ин Хайруллоев кучову дипломатия кучо. Генерал Мамитови киргиз сиёсатмадор аст, барои хамин давлаташро намояндаги мекунаду бурд мекунад. Дар гурухи кори як марди бисёр донову донандаи хуби масъалахои марзи ин Зокиров аст.Метавонад нотарсона бо киргизхо бахс кунад.
Лекин ба хайси рохбари хайати Точикистон таъин шудани хайрулллоев куллан хатост....

Шомил шудани дар комиссияи кори Асоюф Хайруло хам хаттоест азим.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)