Бахшҳо

Путин ба Раҳмон: “Имзои созишномаи пойгоҳи 201 анҷоми кор нест”

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, баъд аз зӯҳри 6 феврал дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочӣ ҳамкориҳои низомиро аз самтҳои афзалиятноки ду кишвар арзёбӣ намудааст. Путин зимни мулоқот изҳор дошта, ки созишномаи нав дар мавриди будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳамкории ду кишварро дар умури ҳарбӣ ба як низом медарорад ва дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон хеле муҳим аст.

“Хеле хушҳолам, ки имрӯз дар бархе аз масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди пойгоҳи низомии 201-ум нуқта мегузорем. Аммо ин маънои анҷоми корро надошта, оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ мебошад, ки нисбатан амиқтару муътадилтар хоҳанд буд”,-афзудааст Путин.

Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтаҳои Путинро дар мавриди марҳилаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия таъйид карда, таъкид намудааст, ҳамкории стратегии ду кишвар ба сатҳи нав мебароянд. Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки беш аз 7 ҳазор сарбозу афсарро дар бар мегирад.

Путин ба Раҳмон: “Имзои созишномаи пойгоҳи 201 анҷоми кор нест”Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раҳбарии Кумитаи миллии олимпии кишварро ба ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврал барои иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXII-уми зимистонаи олимпӣ вориди шаҳрии Сочии Русия шуд. Ҷаноби Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Аслов -- вазири умури хориҷӣ ва Шералӣ Мирзо -- вазири дифоъ низ ҳамроҳӣ доранд.

Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ рӯзи 7 феврал оғоз ёфта, то 23 ҳамин моҳ идома хоҳад кард, ки дар он ду варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов ва Андрей Дригин – аз рӯи намуди лижаронии кӯҳӣ қувваозмоӣ мекунанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, алакай парчами Тоҷикистон дар шаҳраки бозиҳои олимпии зимистонаи “Сочӣ-2014” барафрохта шудааст.
Мӯҳр
мухочири бемузд
ЧАНОБОН гами мухочиронро низ хуред!

Aib nest magar? Du varzishgar, ziyoda az panj namoyanda... Boz tarif mekunand, ki : Job raisi Kumitai Olimpii JT. Haif bo kadom oburu shummo voridi Sochi meshavend? Bo in du varzishgar? ...

Точикистони нав
Ватанро бо тору пудаш гашта фурухт ба русхо. Хуни хазорон точик барои озодии ватан бехуда рехт.

рус
Хмммммммм холо гуломии шумо дар пеш аст

Абдулчаббор
Бо империя чунинмуносибат накуни дар як руз кишварро ноором мекунад.Нагзаш дипломатияи мулоим ва балегуист.Бо зур зури лозим нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)