Бахшҳо
06 фев 2014 10:33Тоҷикистон / Сиёсат

Аризаи 500 сокини Суғд барои лағви “ов”-у “ова” аз насабашон

Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 500 нафар аз сокинони Суғд барои лағви пасванди русии “ов”-у “вич” ва “ова”-ю “овна” ба Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд. Муқаддам Ҳошимова, мудири ин ниҳод дар Суғд, мегӯяд, як гуруҳ аз ин муроҷиаткунандагонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд, ки бо хоҳиши худ барои тағйири насабашон ариза навиштаанд.

Ҳошимова дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ному насаби хешро иваз намояд ва ҳеч кас барои ин монеъ ҳам шуда наметавонад.” Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи як манбаъ, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят зимни як ҷаласа ба хизматчиёни давлатӣ таъкид кардааст, “хуб мешуд, ному насаби худро тоҷикӣ кунед. Вале ин ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар нафари Шумост ва ҷойи маҷбурӣ надорад”.

Ёдрас мекунем, дар давоми соли 2013 беш аз 4 ҳазор сокини вилояти Суғд барои сатҳи қайди ивази ному насаби худ ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат кардаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
34
Хамаи онхо аъзои Хизбе халки-демократии Точикистон хастанд. Аз рохбарияти хизб фармон шуд.

Салом ба хамватанхои азиз.Ман аз прокурори генерали ва очонсии корупсия илтимос дорам ки хамон директорони мактабу, закзхонохора ки харсол хазорон талабахоро мачбур мекарданд ки ному насабатонро руси кунед бад атестат мегиред ба чавобгари кашанд
илтимос чоп кунед

Нозим
Офарин хама бояд точики шавад,аз Чаноби Оли ва Прокурори генерали сари ин мавзуъ бояд ибрат гирем!

бепарво бошед. Баробари сафар ба хорич ва мувочех шудан ба мушкили аксари онхо боз дар шиносномаашон насабро тагйир дода, ову ичро бармегардонанд

"Ёдрас мекунем, дар давоми соли 2013 беш аз 4 ҳазор сокини вилояти Суғд барои сатҳи қайди ивази ному насаби худ ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат кардаанд." Агар 500 нафар барои лагви пасванди русии "ов"-у "вич" ва “ова”-ю “овна” мурочиат карда бошанд 3500 нафари онхо барои ба пасванди руси баргаштан мурочиат кардаанд????????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)