Бахшҳо
08 фев 2014 10:50Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даъвати муфтӣ аз намозгузорон барои сарфаи нерӯи барқ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони шаҳри Душанбе даъват кард, дар фасли сармо нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Абдулқодирзода рӯзи 7 феврал дар намози ҷумъа гуфт, “исрофкорӣ дар Ислом ҳаром аст ва мо набояд дар истифодаи нерӯи барқ даст ба исроф занем”.

Ӯ таъкид дошт, “мову Шумо сокини пойтахт мебошем, бояд барои сарфаи нерӯи барқ талош кунем, ҳар чӣ бошад, барқ сарфа мешавад ва ба аҳолии деҳанишин, ки ҳоло аз норасоии он дар ин фасли зимистон азият мекашанд, кумак шавад.”

Аз ин пештар ширкати "Барқи тоҷик" низ бо пахши як изҳорот сокинони Тоҷикистонро ба сарфаи нерӯи барқ даъват карда буд. Масъулини ин ширкат ба аҳолии кишвар тавсия доданд, ки ба хотири сарфакорӣ ҳатто сӯрохҳои дару тирезаи хонаҳояшонро бо пахтаву “скоч” маҳкам кунанд, то гармии ҳавои дохил ба берун нараваду нерӯи барқ зиёд истифода нашавад.

Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон дар ҳоле ранҷ мекашанд, ки расонаҳои афғонӣ аз таъмин шудани сокинони бархе манотиқи Афғонистон бо нерӯи барқи Тоҷикистон хабар доданд. Мақомоти вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 16 январи соли ҷорӣ дар суҳбат бо расонаҳои маҳалии ин кишвар гуфта буданд, сокинони ин минтақа дар ҳоли ҳозир бо нерӯи барқе таъминанд, ки аз Тоҷикистон содир мешавад. Ҳоҷӣ Муҳаммад Маҳманд, раиси барқи Тахор, гуфта буд, ин нерӯи барқ аз Тоҷикистон бар ивази 32 миллион доллар харидорӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти барқи вилояти Қундузи Афғонистон низ иброз дошта буд, ки вулусволии Хонободи ин минтақа низ бо барқи Тоҷикистон таъмин аст. Ба қавли манбаъ, ин нерӯи барқи вулусволии Хонобод низ бар ивази 45 миллион доллар аз кумакпулии Бонки Осиёӣ харидорӣ шудааст.

Вале мақомот сарди фасли сармо ва камшавии ҳаҷми об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистонро мисол оварда, мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардохта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
муштари
Ана хамин одамро раиси барки точик мондан даркор шояд масалаи барк хал шавад.

малик
дигар бахона нест факат об кам шуд мегуед.агар об ки кам бошад чи лозим боз як неругохи оби.

Норак чи меша, бо лою куму хашак пур шудестай. Будагира обод кнен.

دانشجو
بنده از ایران می نویسم
به همین رئیس اداره شورای علمایتان بگویید که در همین ایران یک روز برق نباشد، وزیر برق و وزیر نیرو را به تلویزیون و دادگاه و به جوابگری می کشند. حال که شما اساساً برق نداشته باشید، چه چیز را صرفه جویی می کنید. من نمی دانم. لیکن حواستان جمع باشد که فریب و گول حرفهای این آدم کذاب را نخورید. وی به گفته ما ایرانیها نفسش از جای گرم می آید. وی در اداره دولتی که کار می کند هم چیزش تأمین است، لذا به مردم هم به چشم سبک زندگی خودش نگاه می کند. در حالی که تا جایی که من می دانم، مردم تاجیکستان این کشور برادر ما، برقی ندارند که صرفه جویی اش کنند. آب و گاز که اصلا وضعیتش خراب است. من نمی دانم این چه مسئولینی است که شما دارید.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)