Бахшҳо
10 фев 2014 17:02Тоҷикистон / Сиёсат

Ваъдаи вазир барои боздиди “ғайриинтизор” аз зиндонҳо

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10 феврал дар мулоқот бо Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал, аз чораандешиҳо алайҳи шиканҷа дар кишвар гузориш додааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, Рамазон Раҳимов аз ҷумла зикр кардааст, ки “моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи алоҳидаи 143 дар бораи шиканҷа ворид шуда, тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон низ далелҳои бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда эътибор надоранд.” Вазири умури дохилӣ, инчунин, аз қабули барномаи махсуси давлатӣ барои солҳои 2013-2016 зикр кардааст, ки ба ташкили низоми ҳимояи шоҳидон, аз ҷумла, ҷабрдидагони шиканҷа равона гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Раҳимов таъкид намудааст, дар мақомоти корҳои дохилӣ аз болои фаъолияти кормандон назорати пурзӯр ба роҳ монда шудааст: “Дар муассисаҳои нигаҳдории муваққатӣ ва қисмҳои навбатдории шӯъбаҳои милиса камераҳои мушоҳидавӣ барои назорати доимӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар натиҷа дар соли 2013 сатҳи қонунвайронкунӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 33% паст гардид.”

Хуан Мендез аз чораандешиҳо алайҳи шиканҷа дар мақомоти умури дохилӣ истиқбол карда, ба вазир пешниҳод кардааст, ки ҳамроҳ бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маҳкамаҳои нигоҳдории муваққатӣ (ИВС) боздидҳои эълоннашудаю ғайриинтизор ташкил шаванд, ки аз ҷониби Рамазон Раҳимов пазируфта шудаанд.

Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури шиканҷа субҳи 10-уми феврал вориди Душанбе шуда, нахуст бо Сироҷиддин Аслов -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоҷот анҷом дод. Вай моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла зиндону қисми низомӣ ошно шуда буд. Баъдан, Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод.
Мӯҳр
Саид
Шумо метавонед ба хамин Хуан Мендез бо кадом рохе ки набошад пешниход кунед як маротиба аз хонаи он навчавонону мардоне, ки дар чанд соли ахир аз чониби кормандони ВКД ва махбасхо кушташуданд як ташриф биёранд!

Сад дар сад бо андешаи шумо розиям, бародар Саид, лекин инхо хеле ночавонмардона рафтор мекунанд бо миллати худ. Мисол худи хамин ЧАНОБИ Р. Рахимов чаро дар нишасти матбуоти иштирок накард?

озод
Э Худо тавба чи кадар дуруг мегуяд хамин новазир. хамин чанд руз пеш як кас дар исфара дар зиндон кушта шуд. аз мардум шарм накарди аз зану фарзанди худ барои дуруггият шарм намекуни? аз ту чи меомузанд фарзандонат.

Кушандаи Хамза Икромзодаро кай ба чавобгари мекашед,мухтарам вазир?Тоштемиров Рустам бояд дар махбас хамчун чинояткор бошад,аммо ба у боз вазифа додаанд.Ба ин савол чавоб гуфта метавонед чаноби вазир?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)