Бахшҳо
13 фев 2014 09:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талаби 200 ҳазор доллар барои раҳоии ду кӯдаки рабудашуда

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се нафари муттаҳам дар дуздии фарзандони ноболиғи як тоҷири афғон дар Душанбе хабар дод, ки бар ивази раҳоияшон аз падари кӯдакон 200 ҳазор доллар талаб намудаанд.

Масъулони вазорат мегӯянд, ин се нафари муттаҳам 9 январи соли ҷорӣ Сафиалло Саидмуҳаммад (2002) ва хоҳараш Лема Саидмуҳаммад (2004), сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Душанберо аз назди манзилашон дуздида ва ба самти номаълум бурдаанд. “Дар пайи созмони як гуруҳи махсуси оперативӣ пас аз се соати воқеаи рухдода, ноболиғони рабудашуда сиҳату саломат бе ягон ҷароҳат дарёфт карда шуданд”,-меафзояд манбаъ.

Маъмурони пулис мегӯянд, баъд аз дарёфти кӯдакон чорабиниҳо барои дастгир кардани дастандаркорони ин ҳолати одамрабоӣ идома ёфта, ҳамчун гумонбар Искандаршо Камолов (1996), зодаи шаҳри Панҷакент, донишҷӯи бахши 1-уми Коллеҷи технологии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ноболиғон Ҳусниддин Давлатов (1997), зодаи шаҳри Қурғонтеппа ва Улуғбек Нуров (1997), истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир гардиданд: “Сарвари ин гурӯҳ Искандаршо Камолов, ки қаблан дар ширкати «Алокозай» ҳамроҳи падари ҷабрдидаҳо -- шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад фаъолият мекард, аз тиҷорат ва сармоядории ӯ огаҳӣ пайдо карда, нақшаи рабудани фарзандони ӯро мекашад.”

Манбаъ афзуд, бо маслиҳати Искандаршо Камолов, Ҳусниддин ва Улуғбек бо мақсади таҳдид намудан аз мағозаи маркази савдои «Гулистон» таппончаи “дурӯғин”-ро харида, дар рӯй ниқоб ба ҷинояти одамрабоӣ даст задаанд: “Ноболиғон Сафиалло ва Лемаро тавассути автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, рақами қайди давлатиаш 26-02 РТ 01 савор намуда, ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бурда, тариқи телефон аз падари ноболиғон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад ба ивази раҳоии фарзандонаш 200 000 доллар талаб намудаанд.”

Аммо, ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилӣ, амалиёти махсус монеи ин нақшаҳо гардида, айни ҳол нисбат ба ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 130-и Кодекси ҷиноӣ, барои одамдуздӣ парванда оғоз гардида, ба гумонбарон аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
инсоф
рахмат ба сардори вазорати корхои дохили дар ш душанбе ,ки сари вакт гурухи оперативию фавриро ташкил карда чиноятро дар сари вакт ошкор карданд ахсан бо шумо кормандони милитсияи ш душанбе

Офарин ба кормандони ВКД аз чумла ба рохбарияти он ки сари вакт чораандеши намуданд. Рахмат ба хамаи кормандон.

кормандони орган кудакони афгони пулдорро меёбанду, точикони бепулро не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)