Бахшҳо
13 фев 2014 11:21Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Асозода: “Агар раисиҷумҳур хоҳад, худамон Истиқлолро месозем”

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 13 феврал дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, зимни як санҷиш дар сохтмони нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб камбудҳоро пайдо кардаанд.

Асозода афзуд, дар пайи дарёфти камбудҳо намояндагони ширкати эронии “Собир”, ки ба бунёди ин нақб машғул буданд, даъват шуда, бо норасоиҳо дар корашон ошно шуданд: “Мо ба онҳо шарт гузоштем, ки ё камбудҳоро ислоҳ кунед, ё аз ин ҷо мебароед.” Ӯ афзуд, “агар президенти Тоҷикистон иҷозат диҳад, мо худамон бунёди нақби “Истиқлол”-ро ба анҷом мерасонем”.

Ба гуфтаи вазир, дар назар аст, зимни сафари вазири нерӯи Эрон ба Душанбе, ки ояндаи наздик сурат мегирад, ба масъалаи нақби “Истиқлол” нуқтаи ниҳоӣ гузошта шавад. Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд.

Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилҳо дучор мешаванд.

Низом Ҳакимов, вазири собиқи нақлиёт, тобистони соли гузашта аз таъхиркории эрониҳо дар таҷдиди нақби Истиқлол интиқод карда гуфта буд, “агар эрониҳо аз ин нақб даст кашанд, чиниҳо омадаанд, таҷдиди онро базудӣ ба анҷом расонанд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Dar Tojikiston hama chiz ba khohishi janob vobastagi dorad chi? Pas shumo vazirho chikor mekuned. ba joi shumo president kor mekunad chi.

ориф
Накби истиклолро мон, накби вазоратро гап зан, ки шахсонеро, ки аз кор пеш карди, ба чои онхо киро кабул мекуни ва онхо кай мутахассиси соха мешаванд. Вазири бе фикр будай ту

рпар
ЕЙЙЙ гадохои Пулгираки роххои автомобилгарди Хучанд-Душанбе кучодаен накба пулша нагирифта истодаен Сад хайф ки мусулмонам гуфта пул меруенен худтона кофир эълон кунен мо пул додан мегирем

Шохзода
Чи лофи бехуда мезани агар хами т дар вазифаи Вазири наклиёт боши накби истиклол будагиш хам чаппа мешавад. Т мегуй хар гапа ба ваъдахои беасос карераи т дар сатхи хукумат баланд намешавад.

калаи Дашт
т агар коргар мешиди Рогунда ягон сахм мегузошти, агар ози тагта бкован, хамат чазирай бовар кун хуб хап кун, хахахахахахахахахахахахах уфе, ин Вазир бисёр хатарнок

шараф
Ика вазирои тачрибадори дига соз кадаш натонистан аз дасти ту барин чи миёя. бовар кнен бела капида хам наметона факат корш арусбозияй.

Далер
Чаро бояд раисичумхур инро хохад. Халк бояд хохад! Вазир Асозода шумо дар назди халк чавобгаред на раисчумхур. Президент чанд бор аз ин накб мегузарад, ки уро мепурсед? Хаети вазирои мо "табаклеси" кати мегузарад. Аз як тарафи дигар вазири маориф рузи истирохати конуниро то охири мохи апрел лагв кард. Ин вазирон хамаш касалии нав шудаги - Синдроми Бег Зухуров

беном
рогун таёр шуд навбати накби истиклол расид урааааааа

joihoe ki dar tojikiston der soz meshavandu yo nameshavand doned ki dar on korxona kasone astand ki ba soxtanu tamom kardan saxt xalal merasonand.ya'ne dushmanoni vatanu hukumat.kobed vazironi tojik.

Гапош аз буни боло. Дар ин вазифааш дер намемона. Ба мисли ХУКУМОВ.

вах вах ин ВАЗИРИ НАКЛИЁТ рогуноро тамом карду бо даст ба вазорат овард кормандони вазорат шумо хечгох хафа нашавед ин шахс хамаи шуморо бо хар нагмаву найранг аз кор мегирад ва шахсони худро меорад

Ика танкиди,ки ин, ба ном вазирро дар муддати 2 мох кардан ягон собик вазирхои наклиёт ин кадар танкид на шуда буданд дар туле давоми фаолиаташон. Агар Асоев нангу номус дошта бошад бояд аз вазифа истеъфо равад. Ахли вазорат вайро хамчун рохбари вазорат эътироф на карданд.

in vazorat hamai kalonu maidaash uzbaku uzbaktaborand.maxsus viloyati sugd va dushanbe.

5
Агар нахохад чи пас чи мешад гапа бинанда е тавба охирзамон шудаст чи бало.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)