Бахшҳо
13 фев 2014 12:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нуриддин Саидов то охири апрел истироҳатро "манъ" кард

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, қарор кардааст, донишомӯзони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар то охири моҳи апрели соли ҷорӣ бидуни истироҳат дарс бихонанд.

Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф, рӯзи 13 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, ин тасмимро ба хотири ҷуброни таътили зимистонае, ки то 10 феврал тамдид шуда буд, гирифтаанд. Ӯ гуфт, тамоми раҳбарияти шуъбаҳои маорифи кишвар дастур гирифтаанд, ҷадвали дарсҳои иловагиро тартиб дода, дар рӯзҳои истироҳати ҳафта низ ба донишомӯзон дарс гуфта шавад.

Ба қавли Шоев, "макотиби миёнае, ки имкони гузаштани дарсҳои иловагиро дар рӯзҳои дарсӣ доранд, метавонанд, охири ҳафта ба таври муқаррарӣ истироҳат кунанд." Аммо сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, ин қарори вазир ба рӯзҳои таътил дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иртибот надошта, донишомӯзон тибқи муқаррарот дар ин рӯзҳо истироҳат хоҳанд кард.

Дар пайи сард омадани боду ҳаво бо дастури Нуриддин Саидов таътили зимистона дар кулли муассисаҳои таълимии кишвар то даҳуми феврал тамдид карда шуда буд. Дар ҳоле ки қарор буд, таътили зимистона рӯзи севуми феврал ба анҷом расида, дарсҳо шурӯъ гарданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Муаллимову талабахо чи гунох доранд, ки бояд якшанбе хам дарс дошта бошанд? Айби вайхо чи аст, ки давлату хукуматашон барку гармиро дар зимистон таъмин намекунад ва таълим вайрон мешавад. Кодекси мехнат чи мешавад? О ин чи бетамизи аст? Кани адолат, кани хакикат, кани конун?

Акрамшои Алиназар
"Ӯ гуфт, тамоми раҳбарияти шуъбаҳои маорифи кишвар дастур гирифтаанд, ки ҷадвали дарсҳои иловагиро тартиб дода, дар рӯзҳои истироҳати ҳафта низ ба донишомӯзон дарс гуфта шавад."
Ачаб вазири бесавод ва бесиёсат будаи. охир ту чи хак дори хукуки конститутсиёнии хак ба истирохат доштани шахрвандон яъне муаллимону шогирдонро лагадмол куни. охир дпвлатдории факат лагадмоллкуни нест ободкуни хам хаст.. кай ёд мегиред .....На худат на каси аз ту болотар хак надорад чунин карорхои бесаводонаро содир кунад...

Рости аз ин вузарои мо пешравиро интизор будан камоли беаклист, Ягон чи гуфтани нестам зеро айби мост ки бар мост какой народ такой власть Гарб имруз аз болои вазорати ин чаноби вазир кори худро кардааст, Имруз гарбиён фахмидан ки болои мо чи кор бикунанд то ин ки фардои мо аз онхо вобаста бошад. Онхо системаи маорифи моро мебахшену р..... Инхо фикр мекунанд ки ба системаи кредитву тестиву сару либоси мактаби гузаштан пешрафта истодаем аммо дониста бошед , ки ин хама найрангхои гарб аст ки дар шароити мо тамоман номувофик аст, Онхо тавонистаанд ки имруз системаи маорифи ва тибу фархангиморо ба суи расвои рахсипорбикунанд аз окибати хамаи ин миллату ин сарзаминро чи интизор аст танхо Худованд медонаду халос!

Ин вазир як бор Кодекси мехната кушода хонад. хайр хамин ки сохтмончиро вазир монди дар сохаи маориф хаминхел мешавад.

Мухтарам Нуриддин Ч,артиевич, ин фармонро бекор кунед, ки маъное надорад.

падар
Шумо вазир конвенсияи ООН оид ба хифзи хукуки кудакро ки Точикистон соли 1994 кабул кардааст дагалона вайрон карда истодаед. Ба Худо касам мактаби кухнаи С. Айни хондагиро дар Бухорои шариф ташкил кардаед. Хукумат шароити хондани кудаконро таьмин карда натавонад айби кудакон чист? Шумо бо ин коратон психикаи кудаконро вайрон мекунед ки девона шуданашон мумкин аст. Ин режими тюрмаро барои кудакони худатон чори кунед мо рози нестем.

номнома
Мухтарам вазир ба талабахо дарс гуфтан наметавонед барои чи ин бечорахора сарсону саргардон мекунед. Намешавад ки аз хар талаба 100 сомони гиреду монед, ки дар рузхои истирохати ба хузур дам гиранд. миллату давлата ба нести бурдед

беном
хукуки кудак чи мешавад чаноби вазир кудакон гунахкор синфхонахо хунук бошад

Аз рузе. ки ин сохтмончи вазир шуд, таътилхои зимистона дарозу тирамохиву бахорона кутох гардиду системаи хониш кафо рафт. Ин вазир хам хатохои вазири каблиро такрор мекунад! Мактабхо хунук бошаду директорхо дар гами пул, айби кудак чи!?

Шахрванд
Бе хамин хам системаи маориф мурд, чунки айни хол дар мактабхо директорони мактабхои тозаинтихоб таъин карда шуданд, ки худашон аз системаи маориф дур хастанд ва хатто аз назди мактаб гузаштаги нестанд. Фикру хаёли онхо факат дар дигар чиз аст. Кай парвои сифати дониши хонадагонро доранд ва худашон саводи кофи надоранд.

Мухтарам вазир аз хохиш карда мешавад ки 1 пара (90 мин) дар дарси донишчуёни ПГС (Сохтмон ва Меъмори "Корабл") иштирок намояд ба мефахмед сарди чи хаст!!! дар кабинети гарм карор баровардан осон. шумо хукуки моло поймол мекунед.

Точик
Ман хайрон, ки барои чи барои кудакон чабр мешудааст? Магар хондан ин чабр аст? Барои хамин танкиди бехударо партоед.

Мухтарам Чаноби Вазир! Мохи январ хаво хар сол мусоид мешавад. Донишазхудкуни хам дар хавои салкин осон аст. Чаро январро таьтил эьлон кардед? Хукумати Шуро аблах набуд! Чорякхоро чори кунед, вагарна бо ин масьала хар сол ру ба ру мешавед!!!

ш-TJ
Бо ин вазирон дар Точикистон хеч вакт пешрафт намешавад.Худи ман фикр дорам,ки дар солхои наздик ягон бехбуди намешавад

шакарбек
вакте подабонро ки бояд молу говро бони кунанд вазири маориф яъне тарбияти насли инсон таъйин кунанд натича хамин мешавад ки мамлакат фабрикаи гуломбарори мегардад барои руссия.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)