Бахшҳо

Иттиҳоди Амрико ва Аврупо алайҳи маҳдудиятҳои динӣ дар... Тоҷикистон

Масъулони Кумисюни Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар мулоқоти нахустини худ бо гуруҳи кории Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел қарор кардаанд, ки минбаъд алайҳи маҳдудсозиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон муттаҳид хоҳанд шуд.

Торнамои "Вашингтон пост" хабар медиҳад, Мерӣ Ан Глендон, масъули Амрико оид ба озодиҳои динӣ зимни мулоқот гуфтааст, “вақте танҳо як кишвар аз маҳдудиятҳо дар кишвари дигар гап мезанад, метавонад дар дуруғгӯӣ муттаҳам шавад. Аммо вақте чандин кишвар муштарак аз мушкилоти диндорон дар ин ё он кишвар ҳарф мезананд, метавонанд, натиҷаеро ба бор оранд.”

Денис Йонг ва Петер Дален, роҳбарони гуруҳи кории Иттиҳоди Аврупо оид ба озодии дину ақида, таъкид кардаанд, ки дар сиёсати хориҷии ин иттиҳод бояд озодиҳои динӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор бигиранд. Онҳо аз ҷумла 15 кишвари ҷаҳонро зикр кардаанд, ки вазъи озодии дину ақида дар онҳо нисбатан нигаронкунанда мебошад ва Тоҷикистон низ ба қатори ин кишварҳо шомил шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Кумисюни Амрико низ дар соли 2013 ба Департаменти давлатии ин кишвар маслиҳат додааст, Бирма, Чин, Эритерия, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Узбакистон, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ветнамро ба рӯйхати кишварҳое ворид кунад, ки вазъи озодии дину ақида дар онҳо аз ҳама бадтар аст.

Масъулини Иттиҳоди Аврупою Амрико мегӯянд, дар бисёре аз ин кишварҳо намояндагони дин ба далели таъмини амнияту мубориза бо ифротгароӣ мавриди таъқиб қарор гирифта, даҳҳо нафар зиндонӣ мешаванд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чи кор дорен ба диндорон о шумо гурухои тераристиро ташкил мекунеду боз пуштибонии онхоро бар ухда гирифтаед ин чи номаъкулист чаро шумо ин амалхоро мекунед . ЭЙ МУСАЛМОНО ХУШЁР БОШЕД КАСЕ ГАМИ МУСАЛМОНРО НАМЕХУРАД ИН САФСАТААСТ.

Дилёб
Ягона рохе ки Амрико мехохад тарики он хадафхои сиёсии худро пиёда кунад ин дин аст, зеро нозукии хар кавму миллат хам дин аст. Маагар рузи ба сари кишвархои арабзабон омада тачрибаи мо намешавад? Дар холе ба ин инкдоми Амрико мувофик бояд шуд ки чуз Исолм дар кишвад ба дигар динхо афзалият дода нашавад. То хар гуна ихтилофхои динию мазхаби боиси ноороми дар кишварамон нагардад. Аз чанд чараёни мазхабие мисли "вахобия"-ву "салафия" ва гайра ки хадафхои сиёси доштанд ба хости Яздон нав рахои ёфтем.

Туракул
ЦРУ-нагз-мефахмад-ки-бо-ру-овардан-ба-сиёсат
и-дини-ва-хурофотпарастии-махсусан-м
услумонон-метавон-онхоро-то-киёмат-чун-гуло
ми-халкабардуш-истифода-бурд!

قول الله تعالى: {ولن ترضى عنك اليهود ولا النصارى حتى تتبع ملتهم} [البقرة: 120] .
Яҳудон ва масеҳиён тарсоён аз ту хушнуд намешаванд, то ба ойинашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят, ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас, ки Худо туро огоҳ кардааст, аз хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби ӯ нахоҳӣ дошт.(СУРАИ БАКАРА ояи 120)

инхо хеч вакт ба манфиати Мусалмонхо сухан намегуянд балки хадафашо пахн гардонидани дини худашон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)