Бахшҳо

Вазорати маориф: “Мо нагуфтем, ки шогирдон бе танаффус дарс мехонанд”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи танқидҳои зиёд дастури ахири Нуриддин Саидовро дар мавриди “ҷуброн” кардани таътили зимистона, ки ба далели сардии ҳаво то 10 феврал идома кард, бо пахши баёнияе шарҳ додааст. Ин баёния бегоҳи 14 феврал дастраси мо шуд ва ҳоло матни комили онро инҷо мегузорем:

“Баёнияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сард омадани обу ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии таълимгирандагон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) аз 3 то 10 феврали соли ҷорӣ, яъне 6 рӯзи дарсӣ таътил эълон намуд.

Мувофиқи фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.02.2014, №190 соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ бояд дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2014 гузаронида шаванд. Фармони мазкур муҳлати ниҳоии иҷрои ин дастурро моҳи апрел муайян накардааст, балки дар он таъкид шудааст, ки соатҳои дарсии иҷронашуда бояд дар нимсолаи дуюм ҷуброн карда шаванд.

Ҳангомае, ки дар атрофи ин фармони вазири маориф ва илм дар расонаҳои интернетӣ бардошта шудааст, асосе надорад. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ба танзим даровардааст. Моддаи 81-и Кодекси мазкур дар назар дорад, ки дар рўзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне «барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мўътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад», иҷозат медиҳад. Ҳамзамон, моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимиро муқаррар карда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимиро ҳатмӣ муайян кардааст.

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин менамояд. Он муайянкунандаи маҷмӯи мақсад ва вазифаҳо, мазмуни таҳсилоти заминавӣ (базавӣ), ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии хонандагон, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагон, натиҷаҳои таълим буда, дараҷаи дониши хонандагон ва қоидаҳои назорати давлатии сифати таҳсилотро муайян мекунад. Стандарт инчунин самарабахшии фаъолияти муаллимонро муайян менамояд.

Мундариҷаи фанҳои таълимии бахши давлатии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакл ва намуд ҳадди ақали ҳатмии таълим ба ҳисоб меравад. Бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа фармони мазкур ба тасвиб расид ва он дар назар дорад, ки вобаста ба имконоту шароити муассисаи таълимӣ соатҳои дарсии иҷронашуда дар давоми нимсолаи дуюм гузаронда шаванд.

Муассисаи таълимие, ки ҷараёни таълим дар он дар як баст сурат мегирад, метавонад дар басти дигар, яъне нимаи дуюми рӯз дарсҳои иловагиро дар ҷадвали дарсҳо бе халалдор кардани истироҳати таълимгирандагон гузаронад. Дар ҳолати дар ду баст сурат гирифтани таълим муассиса метавонад, дарсҳои иҷронашударо дар фосилаи байни бастҳо гузорад. Агар ҷараёни таълим дар се баст сурат гирад, муассисаи таълимӣ маҷбур аст, ки соатҳои дарсии иҷронашударо рўзҳои шанбеву якшанбе ҷуброн намояд. Чунин тарзи дарсгузорӣ маънои онро надорад, ки хонандагон то моҳи апрел бояд бе истироҳат таҳсил кунанд. Нимсолаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ аз 1 феврал то 7 июн муқаррар шудааст. Фармони вазири маориф ва илм муайян кардааст, ки соатҳои иҷронашуда дар давоми нимсолаи дуюм гузаронда шаванд.

Бо назардошти истироҳати таълимгирандагон муассисаҳои таълимӣ имкон доранд, ки то 7 июн соатҳои иҷронашударо ҷуброн намоянд. Дар ҳолати иҷро нагардидани стандарти давлатии таҳсилот барномаи таълимӣ аз ҷониби таълимгирандагон аз худ карда намешавад. Танҳо хонандагоне, ки барномаҳои таълимии соли таҳсилро пурра аз худ кардаанд, аз синф ба синф гузаронда мешаванд. Ин талаботи Нимзомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.2007, №171 тасдиқ гардидааст ва иҷрои онро Вазорати маориф ва илм барои ҳама зарур ва ҳатмӣ мешуморад.

Дар баробари ин, барои омўзгорон иҷрои сарборӣ ё ставкаи корӣ ҳатмӣ аст. Музди меҳнати онҳо вобаста аз миқдори соатҳо ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёри вақт мебошад. Тибқи моддаи 1042-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди маоши омўзгорон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ муайян ва пардохт карда мешавад. Дар ҳолати иҷро нагардидани ин меъёр талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мегардад, ки Вазорати маориф ва илм ба ин роҳ дода наметавонад.

Боқиро ба виҷдон, сатҳи касбию дарки ҳуқуқии ходимони шабакаҳои интернетӣ ҳавола менамоем.

Котиботи матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Мӯҳр
Бародарон акнун ором шудед? Дигар кор надоред факат гайбат мекунед. Дигар хама хукукдон шудаст. вазири собикам хаминхел мехоиден инашам сар кардед. Аз дур вазири сохтмончию бесавод меген гайбат карда ука босаводу доноед ру ба руш гап занед кабултон мекардагист. Агар аз осмони 7 ум вазир монанки шумо барои ваям гап меебед. Хай чи дар хамон рузхои хунуки шишта касал шаванд е шавед пагох духтур рафта пули бехуда сарф кунед. Синфхо гармам бошад фикри рохдурора намекунед е роххои моишнгарди норуфтаю фаромадани тармараро чи? агар хунуки занаду пагох фарзандор нашавед чи? Тахлил нокарда хар гапро гуфтан хуб нест ба фикрам. 6 рузро дар панч мох чуброн кардан хичи гапе нестки инкадар вохимаш кунем. Шахсеки профессор аст бесавод гуфтанаш аз руи вичдон нест. Озодагон хохишмандам чоп кунед.

ОФАРИНУ АХСАН БА ШУМО НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ "МАОРИФ"! БА МУХОКИМАРОНИВУ КОНУНТАФСИРДИХИИ ШУМО ХАТТО "ЧАМШУДУ РАВШАН" ХАМ БАРОБАР НАМЕОЯНД. ДАР ХАМА МАКТАБХО БА ТАВРИ ХАТМИ РУЗИ ШАНБЕВУ ЯКШАНБЕРО РУЗИ ДАРСИ ЭЪЛОН КАРДААНДУ ШУМО ИН ЧО ХАРЗАГУЙИ МЕКУНЕД. КАДОМ РАВОНШИНОСУ КАДОМ ДОНАНДАИ ПСИХОЛОГИЯИ КУДАКОН ТАЪТИЛХОИ ЯКМОХАИ БЕМАЪНИВУ АЗ ПАСИ ОН БОЗ "ЧУБРОНКУНИ"-ХОИ БЕМАЪНИРО ИХТИРОЪ НАМУДААСТ? ТАМОМИ СОХАИ МАОРИФРО ТО ХАДДИ ИФРОТ РАСОНИДАЕД! АЗ РУЙИ КАДОМ МЕЪЁР ШУМО САТХИ АЗ ХУД НАМУДАНИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ХОНАНДАГОНРО МУАЙЯН МЕКУНЕД? АЗ РУЙИ ОН КИ ДАР МИЁНИ ДУ БАСТ, КИ ДАР МАКТАБХО САГ СОХИБАШРО НАМЕЁБАД, ДАРСИ БА ИБОРАИ ШУМО "ИЛОВАГИ" ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД? ВОКЕАН БАРОИ ДАРЁФТИ МАНТИКИ АМАЛХОИ БЕМАНТИКИ ШУМО АКЛИ ОДАМИ СОЛИМ ОЧИЗ АСТ!.

Офарин маорифчиён! Шумо хам ранги муллохо ба хар кор фатво меёбед.Ба гайр аз шумо дигар хама сокинони Точикистон гунахкоранд.Агар бисёр доно бошед, пас чаро дар мохи январ, вакте бо сабаби хунукии хаво хамаро ба таътил равон кардед, боз дарсхои иловаги эълон намудед? Гуё, ки ин дар дарсхои иловаги дар чойхои гарм гузаронида мешуданд. Охир боз бачахо мачбур дар хамон синфхои хунук чамъ мешуданд....кани мантик?

Хайрхох
Дар вазоратит маориф хама кор тамом шуд, ки вазорати маориф хукуки хамагонро поймолкарда тартиби нави тахсилро муайян мекунад.Бояд конунхои амалкунандаро арч гузошт

просто человек
Хихихи... Молодцы ребята из дома или офиса на работу в интернете для всех.

Асалом!Ильтимос ба саволи Ман чавоб дихед духтарум 9сол мактаб Хонда дар охирон экзамен иштирок накард ба сабаби ки Ман омадам хамрои худам бо федерации Рассия овардам имконият боша ин Сол рафта экзамен носпоридаро спорадическая вам а кстати синфи 9гирад

В шоке
Что то странно! Дар ин чо хам сохиби фейсбук гунахкор бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)