Бахшҳо
15 фев 2014 10:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таҳдиди қатли журналист дар Кӯлоб баъди танқиди мақомот

Аҳмад Иброҳим, муҳаррири нашрияи “Пайк” дар ҷануби Тоҷикистон баъди нашри маводҳои танқидияш дар бораи мақомоти нотариалӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (ЗАГС) ин минтақа аз сӯи афроди номаълум мавриди таҳдид қарор гирифтааст.

Аҳмади Иброҳим дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тайи як ҳафтаи охир афроди ношинос ду маротиба бо рақамҳо махфӣ ба ӯ занг зада, бо дашномҳои қабеҳ таҳдид кардаанд, ки то чанд рӯзи дигар ӯро қатл хоҳанд кард. Таҳдидкунанда ба модараш қасам хӯрдааст, ки ин хабарнигорро давоми як ҳафта мекушад.

Аҳмад Иброҳим афзуд, ин таҳдидҳо баъди он сар заданд, ки ӯ ахиран маводеро дар бораи ришвагириҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ба табъ расонидааст.

Ӯ илова кард, ки дар ҳолати дувум рақамҳои таҳдидкунандаро муайян кард, ки 933067192 мебошанд: “Аз ин рақам занг зада, таҳдид карданд, ки ба хотири нашри мавод дар бораи САҲШ-и Кӯлоб маро ба қатл мерасонанд.” Ба гуфтаи хабарнигор ӯ қаблан низ дар пайи нашри маводи танқидӣ бо масъулини мақомоти нотариалӣ таниши забонӣ доштааст.

Аҳмади Иброҳим таъкид намуд, ки айни ҳол ба Шуъбаи корҳои дохилии Кулоб аз болои ин афроди номаълум шикоят бурда, ҳоло мунтазири натиҷаи тафтишот мебошад.
Мӯҳр
Хуршед
ВКД бояд ин тахдидкунандахоро пайдо ва мучозот созад. Ахмад 200%-рост навиштааст. Ин амали ун х,аромихо масали Хам гарриву хам пешхезиро мемонад.
Бе тахрир чоп кунед Озодагон!

hamad
Hamon khabarnigori sadoi khuroson nest in?

журналист
Ахмади иброхим ба хамин макомот бовар карди ки пеши рохи чинояткоронро мегиранд? метарсам... инхо корашон дастгир кардани чинояткорон не, балки аз бегунох чинояткор сохтан аст.

karim
бояд хатман ин тахдидкунанда ёфта чазояшро додан даркор харомхур мехоха хеч кас хеч чиз нагаш харомхуриша давом додан гирад у акаи Ахмад ба пеш мо бо шумоем худованд шуморо дар панохаш нигах дорад..

Кулоб
салом ба хонандагони озодагон ман як фарди шахри Кулоб хамчун як корафтода ба бинои ЗАГС и шахр рафта шароити вазнини кормандони макомот ва тахдиди шахрвандонро дида ба хулосае омадам ки на зулми кормандон ба шахрвандон балки зулми шахрвандон ба кормандон мебошад.

Ser
Ахмади Иброхим аз сарсупурдатарин рузноманигорони имрузи точик аст, ки барои ВАТАН, МИЛЛАТ ва бехбуди чомеа захмат мекашад. У бояд аз чониби сохторхои кудрати, аввалан хамчун шахрванд, баъдан хамчун журналисти хакикатчуву хакикатгу тахти химоят карор бигирад. Илтимос Хукумати ТЧ ин мавзуро пайгири кунед, агар зуратон нарасад, Панчшериён хамеша дар хифзи марони шертабиатанд. Ахмади Иброхим шери имрузи журналистикаи точик аст. Шеронро танхо бо макру хиллаи рубохона метавон аз миён бурд. Худованд пуштибону нигахбонат бошад Ахмади Иброхим!!!!!

а
салом ба хонандагони озодагон

Он тахдидигарон ба тахкик Ахмади моро немшиносанд!!! Мо Метавонм!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)