Бахшҳо

Гузоришҳои телевизионии мақомот: Ҳукм ё профилактика?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Пахши навор дар мавриди боздошти табиби мардумӣ, Маҳмадулло Холов аз тарафи телевизион сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард. Иддае аз соҳибназарон мегӯянд, ки мақомот салоҳияти даст задан ба чунин корро надошта, ҷинояткор будани гумонбарро танҳо суд ҳаққи ҳукм намудан дорад. Аммо ба бовари гуруҳи дигар, КДАМТ дар ҳолатҳои мушаххас ҳаққи таҳия ва пахши наворро дорад.

Вакили парлумон: “Боздоштшударо танҳо додгоҳ ҷинояткор эълон мекунад”

Маврид ба зикр аст, ки шаби 8-уми феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатии “Сафина” ва “Шабакаи аввал” гузорише дар мавриди боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ пахш гардид. Дар ин навор, ки ҳудуди 5 дақиқа буд, гуфта мешуд, ки боздоштшуда узви Ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) буда, дар таҷовуз ба номус даст задааст. Дар навори мазкур шахси боздоштшуда ҷинояти эълон кардаи ровиро тасдиқ мекунад.

Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон дар суҳбати худ ба “Озодагон” гуфт, ки амали расонаҳои хабарӣ дар мавриди ҷинояткор эълон кардани шахси боздоштшуда, хилофи Сарқонуни кишвар аст. Ба гуфтаи хонум Амришоева танҳо додгоҳ ҳақ дорад, ки боздоштшударо ҷинояткор эълон кунад: “Ин гуна мурофиаҳо паси дарҳои пўшида мегузаранд. Танҳо додгоҳ ҳақ дорад, боздоштшударо ҷинояткор ва ё бегуноҳ эътироф кунад. На расонаҳову на мақомоти дигар чунин ҳуқуқро надоранд”, илова намуд хонум Амиршоева.

МТСТ: “КДАМТ барои корҳои профилактикӣ ҳақ дорад”


Комёб Ҷалилов, масъули Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (МТСТ) ва собиқ корманди КДАМТ мегӯяд, ки қонун иҷозат додааст, то дар ҳолатҳои зарурӣ КДАМТ корҳои профилактикии худро анҷом бидиҳад. Комёб Ҷалилов гуфт, ки дар баъзе маворид барои таъмини амнияти иншоот ва ҷони инсон, КДАМТ корҳои профилактиӣ мегузаронад: “Баъзан барои ором сохтани вазъият чунин корҳо анҷом дода мешаванд. Вале маълумоти пахшгардида набояд ҳуқуқи инсонро халалдор созад. Ман худам ҳамчун собиқ амниятӣ мегўям, ки кумита барои пешгирии ҷиноят чунин корҳоро анҷом медиҳад. Дар замони Шӯравӣ ҳам чунин корҳои профилактикӣ буданд”, гуфт Комёб Ҷалилов.

Номбурда мегӯяд, ки худ шахсан навореро надидааст, ки он моли КДАМТ бошад. Аммо ҳар навор ва ё барномае набошад бояд дар доираи қонун таҳия шуда бошад.

М. Ҳайит: Барномаҳои КДАМТ як ҳадаф доранд


Ин ҳам дар ҳолест, ки Маҳмадалии Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ барномаи шоми 8-уми февралро орӣ аз ҳақиқат ва бофтаи КДАМТ унвон намуд. Номбурда дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ҳадафи КДАМТ бо пахши чунин гузоришу наворҳо танҳо беобрӯ сохтани ҲНИТ аст: “Дар ҳоле, ки мо дақиқ кардем, Маҳмадулло Холов дар асл узви ҲНИТ нест. Дар пойгоҳи компютерии худ чунин номро пайдо накардем. Аз руйи таҳқиқоте, ки мо гузаронидем, Мунира Тухтаева низ дар бунгоҳи тиббӣ кор мекардааст ва Холовро 20 рӯз қабл дар манзили зисти онҳо дидаанд”, гуфт Маҳмадалӣ Ҳайит. Маҳмадалӣ Ҳайит аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чаро мақомот ва умуман телевизионҳои давлатӣ аз ронда шудани 20 ҳазор узви Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) хабар надода, бештар ба ҲНИТ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад: “Пўшида нест, ки то имрӯз ҳудуди 20 ҳазор узви ҲХДТ бо ҷурми хиёнат ба ватан, дуздӣ, фасодкорӣ ва ҳатто заминфурушӣ аз сафи ин ҳизб берун карда шудаанд. Чаро аз чунин ҷинояткорон гузориш таҳия намекунанд ва ё мансубият ба ҳизбашонро эълон намедоранд? Чунки ҳадафи онҳо сиёҳ кардани ҲНИТ аст.”

Боиси тазаккур аст, ки масъалаи таҳия ва пахш гардидани наворҳо тавасути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба масъалаи доғ табдил ёфтааст. Дар нишастҳои матбуотии худ масъулини ТВ “Сафина” ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфтанд, ки дар баъзе ҳолатҳо онҳо бо дархост маводи мақомотро пахш мекунанд. Бояд гуфт, ки пахши наворҳои марбут ба парвандаи ҷиноии Зайд Саидовро низ дар аввал таҳлилгарон кори дасти КДАМТ медонистанд. Вале Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ изҳор дошт, ки он наворҳо моли Додситонӣ мебошанд.

Бобоназарова: “Вақте парванда муҳри махфӣ дорад, ҳеч сохтор ҳақи пахши онро надорад”


Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари ташкилоти “Перспектива +” пахши наворҳо аз рафти мурофиаи додгоҳии Зайд Саидовро қонунвайронкунӣ медонад. Хонум Бобоназарова гуфт, ки чӣ гуна додситонӣ ё ҳар мақомоти дигар парвандаи собиқ вазири саноати Тоҷикистонро аз шабакаҳои давлатӣ пахш карданд, вақте он махфӣ ва паси дарҳои пушида буд ва ҳатто қарори додгоҳ дар он маврид набаромада буд: “Мушкили дигар он аст, ки вақте Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба пахши чунин наворҳо иҷозат медиҳад. Новобаста аз мақомоти дархосткунанда, кумитаи радио ва телевизион ҳақ надорад берун аз ҷаҳорчубаи қонун фаъолият кунад. Дар қонунгузорӣ ҳолатҳои қабули навори мақомоти дигар мушахас шудааст. Масъулини кумитаи радио ва телевизион бояд қонунро ҳам ба назар бигиранд.”

Хонум Бобоназарова мегӯяд, ки ҳар барнома дар телевизионҳои давлатӣ бо имзои масъулин пахш мешавад: “Аз ин хотир метавон бо боварии комил мегӯям, ки кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мустақилона кори худро анҷом намедиҳад. Идеология ва сиёсати ҳукуматро дастгирӣ мекунад. Дар сурати дигар, ҳадди ақал бо боздошт кардани як нафар гумонбар, ҳеч вақт мансубият ба ҳизб будани онро такрор ба такрор эълон намекарданд”, илова намуд роҳбари ташкилоти “Перспектива +”.


Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки ба унвони ҳуқуқшинос барояш норавшан он аст, ки чӣ гуна, вақте додситониву пулис фаъолият доранд, кумитаи амният ба боздошти ҷингояткорон машғул мешавад.

КДАМТ фаъолияти ҳирфаӣ дорад

Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ таҳия ва пахши наворҳои ғаразнок аз тарафи КДАМТ-ро амали бад ва ғайриҳирфаӣ унвон намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Комёб Ҷалилов, собиқ корманди амният дар КДАМТ бештар ҷавонони лаёқатманд ифои вазифа мекунанд: “То ҷое ман мешиносам, онҷо бисёр мутахассисони ҳирфаӣ фаъолият доранд. Ҷавонҳое, ки ҳам омадаанд, дар оянда метавонанд кадри касбӣ шаванд. Аммо дар ҳеч ниҳод ва ҷомеа ҳама як хел нестанд. Табиат низ панҷ ангуштро баробар наофаридааст. Барои ҳамин ман наметавонам сад дарсад бигуям, ки ҳамаи кормандони кумита ватанпараст ҳастанд.”

Комёб Ҷалилов дар идома гуфт, ки дар ҳар сурат беҳтар аст, ки ин гуна ҳолатҳо аз руйи овозаҳо баҳогузорӣ нашаванд.
Мӯҳр
фируз
огои кабири илтимос хамин хнит =ро бархам дихед,ки обуруи шуморо мерезонад дар вактхои охир бисер дар расонахо гапи хамин хизби шумо ,ки рохбари мекунед шаъну шарафи шуморо пасткардааст

озод
Фруз. Гапа хаккаша зади,одами мефахмидаги буди.

Не бародар баръакс харчи кадар фишор болои Кабири зиед шавад хамон кадар обрую нуфузи вай боло мешавад зеро мардум медонанд ки тв-хо дуруггу хастанд ва ончи ки нишон медихад хамааш фиребу сохтакорист

Ин хукумат хуб медонад ки ХИНТ да соли 2020 кореро кодир аст ва метарсад ва бо чунин гузоришхову сияхкунихо мехохад ин хизбро бадном кунад ва сипас фаъолияташро манъ кунад, бародар Кабири ором нанишин дигар вакти оромии ту нест аз ин хизб дифоъ бикуннн!!!! накшахои худро барои соли 2020 пурзур намо! Ту медони ки иштирок накардани ту дар интихоботи соли 2013 боиси норозигии ом гаштааст на ин ки аъзоёни ин хизб! Мо дигар шудан мехохем мо намехохем дигар мухочир бошемм аккаллан мо мехохемхонаи гарм дошта бошем!

беном
Оё аз хизби хукмрон касе зино накардааст ё хукмрон ки шуд чики хохад бояд кунад пас конунро барои ки интихоб кардаем

Яъкуб.
Чунин наворхо ман фикр мекунам як чихати хуби хам дорад.Ин як рекламаи бепул хаст барои ХНИТ.Хар шахсе,ки агар инро тамошо кунад мефахмад,ки он дуругу тухмат хаст агар камтарак аклу фахм дошта бошад.Мардум хуб медонад золим кисту мазлум кист.Барои чунин наворхо набояд бародарони нахзати малол шаванд.Чунин барномахои антинахзат чанд соле шуд давом дорад,ва Нахзатхам аз чанд сол пеш дида имруд махбубтар шудаасту Кабири бонуфузтар...

Рута сиёх карди Фируз. ту лаганбардори чи? ХНИТ ба пеш ту хак асти. бе ягон асос туро сиёх кардестиян.

Aкмал
Хой бачи мусулмон ин хизби кабири не ин хизбуллох аст

Gizalash,
дуруст гуфти, Кабири бояд аз рохбарии хизб барконор шавад, хизбро у шармсор кардаистодааст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)