Бахшҳо

Медали Сиёвуш - писари Бег Зуҳуров ва домоди президент

Сиёвуш Зуҳуров -- писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки домоди президент Раҳмон гуфта мешавад, дар сабқати байналмилалии “карате ню-фул контакт” ва “кикбоксинг” дар Эрон бо медали нуқра сарфароз гардидааст. Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯянд, Сиёвуш ба далели лат хӯрдани пояш натавонистааст барои дарёфти медали тило қувваозмоиро идома диҳад.

Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта шудааст, “Сиёвуш бо ду рақиби худ - яке аз Ироқу дигаре аз Эрон - дастболо гардид ва дар даври ниҳоӣ бо сабаби лат бардоштани пояш натавонист ба рӯи татами барояд ва соҳиби медали нуқра гашт." Манбаъ таъкид мекунад, ки рақибон аз Сиёвуш 10-15 сол калонтар буда, аз рӯи вазн низ бартарӣ доштанд.

Ба қавли масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ин сабқат варзишгарони тоҷик тавонистаанд 10 медали тилоро соҳибӣ карда, ба Ватан баргарданд.

Барандагони медали тило инҳоянд:

Миёни наврасон -- Абдуллои Мирзо 20 кило, Сафархони Юсуф 23 кило, Эмомназар Нуров +26 кило, Рустам Нуров, Манучеҳри Назривалӣ, Меҳрубони Маҳмадалӣ; Миёни ҷавонони аз 18 то 35-сола -- Мустафо Давлатов 55 кило, Зулфалӣ Латипов 67 кило, Ҷомӣ Латифов 70 кило, Муҳаммад Чақалов 80 кило.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
МИРЗО
ТАБРИК ХАМЕША САРБАЛАНД БОШЕН ЧАВОНОИ ТОЧИК

Талбак
а бача нагз ку, да байни 3 кас чои 3-юма гирифтаст

камароб
ба фикрам дар ончо се каманда будаст

бетараф
Яке ягон одам сухани хуб нанависад, ки убол шавад. Шумо ба Сиёвуш ҳамчун домоди сарвари давлат хар хел суханҳои ношоиста нагуе, балки ҳамчун як тоҷики Точикистони табрикаш кунед. Бародар Сиёвуш ман аз самими калб шуморо табрик ва дар оянда бурдбориҳо таманно дорам.

Як чохон ташакур барои голибият ба даст овардан

кандота бза ай байни се кас чойи сеюм, офарин

Чундуқино
гуфтани бибикалонам ҳамин будест дия.
О вай чанд паҳловонҳо соҳиби метвли тилло шудааст, аз онҳо кумита даҳан намекушояду ин метали тасаллигирифтаро оправдат карда гаштаст.

Ахмадхуча
муборак бошад. Худованд хамавакт нигахбонатон бошад!

Sobit Zuhurov
Э бесаводо, кай савод мегирен, ай байни се кас чои сеюм меген. Сиёвуш чои сею не чои дуюм гирифтагияй. Аввал хасадро аз дилтон берун кунен бад хушру нигох кунен................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)